Рӯзноманигори сермаҳсул Зоҳир Ҳасанзода ҳамеша мақолаҳояшонро дастӣ менависанд. Чанд қиссаву романҳояшонро бо шавқу завқ ҳуруфчинӣ кардаам. Ҳамеша пас аз чандин саҳифа дастхат овардан, ду дона ширинӣ ҳам мегузоранду мераванд.
Рӯзе дар бораи як инсон мақолаи дарозеро навишта барои ҳуруфчинӣ оварданд. Азбаски Ҳасанзода ин қадар менависанду масъулон ва дигароне, ки мақоларо мехонанд, нисфи онро кӯтоҳ мекунанд, дилам сӯхт ва гуфтам:
— Муаллим, ин қадар бисёр нанависед. Ба қадри навиштаҳоятон расед. Кӯтоҳ нависеду ба ҳама фаҳмо бошад!
Зоҳир Ҳасанзода бо табассум гуфтанд:
— Мақолаи дароз менависам, нисфашро хат мезананд, агар кӯтоҳ нависам, ҳеч чиз намемононанд.
Лола РАҲИМОВА
©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
