Ovozi.uz

Аввал имтиҳон, баъд интихоб: Имрӯз довталабон санҷишҳои тестӣ месупоранд

Имрӯз, 14-уми июл дар тамоми минтақаҳои кишварамон ба довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълими олии касбӣ имтиҳонҳо оғоз гардид.

Санҷишҳои тестӣ мувофиқи фармони Президент аз 24-уми майи соли 2024 «Дар бораи қабул барои хондан дар муассисаҳои таълими олӣ ва такмил додани системаи ҷогузории супориши давлатӣ» дар асоси тамоюли «Аввал имтиҳон, баъд интихоб» дар ду марҳила амалӣ мегардад.

Дар ин ҳолат, довталабон аз рӯи холе, ки дар санҷиш ҷамъоварӣ кардаанд, аввал дар интихоботи дохилшавӣ ба самти бакалавриат ва баъдан ба муассисаҳои таълимии олӣ иштирок мекунанд.

Дар вилоятамон 72 ҳазору 305 нафар довталабон барои ширкат дар санҷишҳои тестӣ сабти ном шуда бошанд ҳам 72 ҳазору 232 нафари онҳо дар имтиҳонҳо дароварда мешаванд. 69 нафари боқимонда дар интихоби навбатӣ иштирок менамоянд, зеро онҳо аз фанҳои умумӣ холҳои максималӣ ба даст овардаанд. Ҷараёнҳои санҷишӣ дар 2 баст сурат мегиранд. Сменаи якум соати 08:00, басти дуюм соати 15:00 оғоз меёбад.

Санҷишҳои тестӣ дар толорҳои 6 бинои таълимии Самарқанд баргузор мешаванд.