Ovozi.uz

Сирҳои Пирӯзӣ ва шумораи ҳазорумин

Бахшида ба чопи шумораи ҳазорумини «Овози Самарқанд» тамоми ходимони он вазифадор гардиданд, ки бо кормандони собиқ сӯҳбат ороста, дар шумораи идона чоп кунанд. Дилрабо Насимӣ, ки дар рӯзнома нав корро оғоз намуда буд, мебоист бо шоири номӣ, мутарҷим Акбар Пирӯзӣ сӯҳбат орояд. Ӯ ба хонаи Акбар Пирӯзӣ рафта, мусоҳибаашро навишта, ба дасти устоди сахтгири ҷавонони идора, ҷонишини сармуҳаррир Хурсанд Ҷумъазода дод. Аммо ӯ мусоҳибаро қабул накард. Аз нав супориш дод, ки боз рафта чӣ тавр хонаи шоирро ёфт, аз ки пурсид, ранги дарвоза, ҳавлӣ, хонаашро бо тамоми ҷузъиёташ нависад. Боз навишт. Хурсанд Ҷумъазода боз гардонда гуфт, ки ҳар як сухани мусоҳибашро калима ба калима, ҷумла ба ҷумла ба қалам орад, вагарна қабул намекунад…

Акбар Пирӯзӣ бехабар аз он тамоми сирри дилашро кушода буд. Дилрабо Насимӣ гуфтаи Хурсанд Ҷумъазодаро иҷро кард. Хурсанд Ҷумъазода ваъда дод, ки ҷойҳои нодаркориашро хат мезанад. Вале мусоҳиба ҳамон тавр, яъне дар 27 саҳифаи чопӣ рӯи саҳифаро дид.

Пас аз чанд рӯз Акбар Пирӯзӣ ба идораи рӯзнома омада гуфт:

— Мегӯянд, ки назди мухбир ҳар гапро нагӯӣ, рост будааст. Ман акнун ба ин бовар кардам. Шукр, ки боз баъзе саргузаштҳои ҷавониву сирри дигарро нагуфтаам.

Аз саҳифаҳои рӯзнома

©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»