Ovozi.uz

Кадом омилҳо ба нархи гӯшт таъсир мекунанд?

Ҳоло нархи гӯшт ба яке аз мавзӯъҳои маркази баррасиҳо табдил ёфт. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки дар Ӯзбекистон нархи гӯшт муттасил зиёд мешавад, вале дар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон нисбати мамлакати мо арзон аст.

Аввало, ҳаминро бояд таъкид кард, ки на танҳо дар мамлакати мо, балки дар тамоми дунё афзудани шумораи аҳолӣ, тағйироти иқлим ва норасоии об дар расондани маҳсулоти хӯрокворӣ ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ вазъияти мураккабро ба миён меоваранд. Гӯшт манбаи асосии сафедаҳо, оҳан, витамини гурӯҳи «В» ва моддаҳои дигари хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз ин, расондани гӯшт на танҳо аз нуқтаи назари бехавфии хӯрокворӣ, балки аз ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва ветеринария, рушди саноати коркарди маҳсулоти чорво ва ҳиссае, ки ба иқтисодиёти мамлакат зам мекунад, муҳим аст.

Бинобар ин, дар Ӯзбекистон сарфи назар аз машаққати парвариши чорво ва зиёд намудани шумораи онҳо, суръати афзоиш дар нишондиҳандаи расондани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ муттасил нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омор (статистика), дар охири соли 2024 дар хоҷагиҳои тоифаҳои мухталиф 14,4 миллион сар гов ва 24,6 миллион гӯсфанд ва буз буд. Дар натиҷа, 2,9 миллион тонна гӯшт (дар вазни зинда) ва 12,4 миллион тонна шир расонда шуд. Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса бо рақамҳои соли 2020 (барои гӯшт) ба 120 дарсад афзудааст.

Ғайр аз ин, дар панҷ соли охир аз давлатҳои хориҷӣ 733 ҳазор сар гов ва 792 ҳазор сар гӯсфанду буз оварда шудааст. Бо ташаббуси Кумитаи ветеринария ва рушди чорвопарварӣ аз Муғулистон гӯсфандҳои зоти «Баяд» оварда, ба зотҳои маҳаллӣ ҷуфтӣ намуда, корҳои гирифтани зоти нав ба амал оварда мешаванд, ки дар натиҷа, маҳсулоти гӯштӣ меафзояд.

Акнун, дар бораи масъалаи асосӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баррасӣ гузошта мешавад, чаро дар Қазоқистон нархи гӯшт нисбатан арзон, мулоҳиза мекунем.

Ин сабабҳои ба худ хос дорад. Аввало, дар Қазоқистон чарогоҳҳо беш аз 184,4 миллион гектар аст. Он 84,1 дарсади ҳамаи заминҳои кишоварзиро ташкил мекунад. Инчунин, ҳосилнокии чарогоҳҳо нисбати он, ки дар мо ҳастанд, 5–8 сентнер баланд аст. Ғайр аз ин, дар 3,3 миллион гектари майдони замини обёришаванда растаниҳои озуқабоби барои чорво пешбинишударо кишт мекунанд ва ба ҳар сари шартии мол ба ҳисоби миёна 0,59 гектарӣ рост меояд. Шумораи аҳолӣ бошад, нисбати Ӯзбекистон 46,4 дарсад кам, яъне 20 миллиону 200 ҳазор нафар. Хулоса, ҳолатро бо кам будани хароҷоти парвои чорво ва бо тафовут дар тақсимоти маҳсулоти расонида байни аҳолӣ эзоҳ додан мумкин аст.

Дар Ӯзбекистон чӣ? Агар 16 миллион гектар чарогоҳ наздик ба 35–40 дарсадаш ба таназзул (деградатсия) дучор шудааст ва ҳосилнокиаш ба ҳар гектар 1–2 сентнерро ташкил мекунад. Дар Ӯзбекистон 430,1 ҳазор гектар майдони замини обёришаванда, ки барои кишти растаниҳои барои чорво пешбинӣ шудааст, ба ҳар сари мол ба ҳисоби миёна 0,19 гектарӣ рост меояд. Маълум мешавад, ки дар Ӯзбекистон имкониятҳои парвои чорво нисбат ба Қазоқистон маҳдуд аст. Сарфи назар аз ин, бозорҳои шаҳру деҳаҳои мо ва маҷмӯаҳои калони тиҷоратӣ аз гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ пур аст.

Ҳангоми таҳлили нархи гӯшт як ҷиҳати муҳим фаромӯш мешавад. Гӯшти парранда ва харгӯшро ба ҳисоб намегиранд. Ҳол он ки дар Ӯзбекистон нархи гӯшти парранда на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар байни ИДМ низ аз ҳама арзон аст.

Боз як факти шавқовар ҳамин, ки истеъмоли гӯшти парранда ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар Англия 30,8, Россия 36,3, Қазоқистон 20,1, Беларус 31,6 ва дар Ӯзбекистон ҳамагӣ 15,7 килоро ташкил мекунад. Агар аҳолӣ дар харид гӯшти паррандаро интихоб кунад, ки парҳезӣ ва шифобахш мебошад, ҳам ба кисааш ва ҳам ба саломатиаш фоида мешавад. Чунки дар гӯшти парранда сафеда бисёр буда, он барои рушди мушакҳо, барқарор шудани ҳуҷайраҳо ва қувва гирифтани сохтори иммунӣ хеле муҳим аст. Дар таркиби он моддаҳои ҳаётии барои сохтори асаб ва ҳосил намудани хун муҳим чун витаминҳо (В6, В12), ниатсин ки манбаи энергия мебошад (витамини В3), фосфор (Р), ки таъминкунандаи мустаҳкамии устухон ва дандонҳо, антиоксидант, яъне селен, ки соҳиби хусусияти пиршавиро пешгирикунандааст ва ғайра мавҷуд мебошанд.

Истеъмоли гӯшти паррандаро, ки ҳазми он аз ҳама беш дар ҳоли ҷӯшондан ё ки дар буғ пухтан сабук мешавад, асосан ба бачаҳо, пиронсолон ва беморон тавсия мекунанд. Гӯшти беравғани парранда (аз ҳама беш пӯсткандаи он) хавфи миқдори холестирин ва хастагии дилро кам мекунад.

Як қисми эҳтиёҷоти афзояндаи аҳолиро бо рушди харгӯшпарварӣ низ мумкин аст таъмин кард. Чунки гӯшти харгӯш бо ҳазми сабуки худ, соҳиби арзиши баланди биологӣ ва парҳезӣ будан низ фарқ дорад. Бинобар ин, дар диёрамон эътибор ба харгӯшпарварӣ ва расондани гӯшти он пурзӯр мешавад. Соли гузашта дар мамлакатамон 7873 тонна гӯшти харгӯш истеҳсол намудаанд.

Харгӯшҳо аз ҷиҳати биологӣ хусусияти тез калон шудан доранд. Бинобар ин, нархи асосии гӯшти харгӯшҳо арзон аст. Вазни зиндаи онҳо дар 90 рӯз 3,2–3,5 кило мешавад ва барои расондани як кило вазни зинда 2,8–3,2 воҳиди хӯрока лозим мешавад.

Гӯшти харгӯш аз тоифаи «гӯштҳои сафед» аст. Дар он миқдори сафеда аз гӯшти молҳои чорвои дигар бештар мебошад. Истеъмоли гӯшти харгӯш барои беморони ҷигар, рагҳои дилу хун, меъдаву рӯда, «паркинсон» ва «алтсгеймер» кони фойда аст. Дар гӯшти харгӯш элементҳои минералии оҳан, фосфор, фтор, марганес, кобалт, калий, инчунин витаминҳои С, В9, РР ҳастанд.

Олимони институти мо роҷеъ ба рушди чорвопарварӣ, беҳдошти насл ва маҳсулдории чорво корҳои назаррасро амалӣ мекунанд. Дар чор хоҷагии фермерии чорвопарварии вилоятҳои Сирдарё ва Тошканд эмбрионҳои аз Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА овардаро трансплантатсия намуда, гӯсолаҳои сиҳате, ки имкониятҳои баланди генетикӣ доранд, мегиранд. Ин гӯсолаҳо дар оянда говҳое мешаванд, ки беш аз 10 ҳазор литр шир медиҳанд.

Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо олимони Кореяи Ҷанубӣ дар ҷумҳурии мо бори аввал роҳандозии лоиҳаи технологияи идораи говҳо ба воситаи биосенсорҳо оғоз гардид.

Типи гӯсфандҳои «Фарғона-­Риштон-­Дашт» ва «Анчасой»-и зотҳои маҳаллиро офарида, нисбати онҳо ба 20–25 дарсад зиёд шудани гӯшти типҳои мазкур муяссар гардид. Аз ҳама асосиаш, хусусияти ба шароити маҳаллии иқлим хуб мос шудани онҳо аст.

Ба туфайли сиёсати оқилонае, ки дар соҳаи кишоварзии мамлакатамон пеш бурда мешавад, дастгирии чорвопарварӣ аз тарафи давлат, расондани гӯшт ва маҳсулоти гӯшти коркард ва ба дастархони аҳолӣ расонда додани онҳо сохтори барқарор ва мустаҳкам офарида шуд.

Масъалаи навбатие, ки дар назди соҳа гузошта шудааст, зиёд намудани маҳсулдории чорво ва ба ивази кам кардани нархи истеҳсоли гӯшт таъмин кардани мӯътадилии нарху наво мебошад.

Аъзамҷон НУРМАТОВ,

директори институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва паррандапарварӣ

Тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ аз рӯзномаи «Халқ сӯзи» № 153, 29‑уми июли соли 2025.