Ovozi.uz

Аз сентябр моҳонаи директорони мактабҳо зиёд мешавад

Дар асоси фармони Президент “Дар бораи чораҳои иловагии баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунӣ дар соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ” аз 1 сентябри соли равон маоши директорони мактаб ва кӯдакистонҳо – 20 дарсад ва маоши муовинони онҳо – 5 дарсад зиёд мешавад.

Аз 1 январи соли 2026, директор ва муовинони онҳо, ки дар мактаб ва ташкилотҳои таълими томактабӣ фаъолияти босамар нишон медиҳанд, метавонанд ба таври мутаносиб 20 ва 10 дарсад изофапулӣ гиранд.

Илова бар ин, маоши мудирони кӯдакистонҳое, ки мансуби гурӯҳҳои I ва II ҳастанд, бо маоши муовинони директорони мактабҳои мансуби гурӯҳҳои III ва IV баробар карда мешавад (яъне меафзояд).