Аз заминҳои обӣ дар як сол камаш 2–3 маротиба рӯёндани ҳосил, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа буда, баробари ҳамин барои қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти чорво аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, рушди ин соҳа дар маркази диққати доимии роҳбарону мутахассисони ташкилотҳои масъул аст.
Соҳаи чорводорӣ на аз рӯи саршумори чорво, балки аз рӯи потенсиали генетикӣ, озуқаворӣ, сифат ва таносуби онҳо муайян карда мешавад. Мутаассифона, солҳои охир ба эҳтиёҷоти хӯроки ҳайвонот то андозае беэътиноӣ зоҳир карда шуда, якбора кам шудани майдони зироатҳои хӯроки чорво ва хеле пастии ҳосил ба маҳсулнокӣ ва сифати чорво таъсири ҷиддӣ расонд. Илова бар ин, оптимизатсияи намудҳо ва таркиби зироатҳои хӯрокворӣ, киштгардон, ҷудо кардани майдонҳо барои зироатҳои серҳосил, обёрӣ бо технологияи муосир, таъмини техникӣ ва парвариши онҳо дар асоси илмӣ имкон медиҳад, ки соҳаи чорводорӣ дар асоси принсипҳои бозор устувор ба роҳ монда шавад.
Бинобар ин, зиёд кардани навъҳои зироатҳои хӯрокӣ ва ҳиссаи он дар асоси тамоми сол истифода бурдани заминҳои обӣ, ҳосилро ба ҷои 0,56–0,72, ки ҳоло мавҷуд аст, то ба 1,5–2,0 баробар зиёд кардан мумкин аст. Аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шудааст, ки аз ҳисоби навъҳо ва технологияи замонавӣ барои 35–70 дарсад зиёд кардани ҳосили зироатҳои хӯроки чорво имконият мавҷуд аст. Ғайр аз ин, вобаста ба шароити хоку иқлим имконият вуҷуд дорад, ки аз ғалладона ва зироатҳои лубиёгӣ 1,8 баробар, ҷуворимакка ва ҷавдор 2,5–3,0 баробар, алафҳои бисёрсола 2,0–2,7 баробар ҳосил гирифтан мумкин аст. Инчунин, баъди дарави ғалла, аз ҳисоби кишти такрорӣ то 20–40 дарсад ҳосили иловагӣ метавон ба даст овард.
Мутахассисон чунин мешуморанд, ки ҳалли масъала бояд ба инҳо равона карда шавад: аввало, ҳосилнокии заминҳое, ки барои 462 хоҷагии ба чорводорӣ махсусгардондашудаи вилояти мо ҷудо карда шудааст, қатъиян баланд бардошт. Майдони заминҳои озуқавориро 0,5–1,0 баробар зиёд карда, кишти миёнсолии зироатҳои ширадор ва силосбобро васеъ гадонидан ниҳоят зарур аст. Ин гуна чорабиниҳо ба тараққиёти минбаъдаи соҳаи чорводорӣ бевосита ёрӣ мерасонад.
Чорводорӣ қисми таркибии хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб меравад ва онро бо назардошти тамоми сол бо озуқа таъмин кардан асосҳои илмӣ муқаррар намуда, структураи зироатҳои хӯрокии хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи чорводориро дар асоси шароити хоку иқлим дуруст муайян намуда, киштгардони замин васеъ ба роҳ монда шавад.
Дуруст муайян кардани таносуби сафеда, карбогидратҳо, витаминҳо ва дигар моддаҳо дар таркиби зироатҳои серғизо, ки қисми таркибии илми растанипарварии саҳро ба шумор меравад, муҳим аст.
Ба ҷои коҳ ва хошоки дурушт, ки дар давраи баҳору тобистон ба чорво додани онҳо ноҷоя ба ҳисоб меравад, ба масоҳати калон коштани зироатҳои силосбоб, ҷуворимакка ва офтобпараст тавсия карда мешавад.
Дар охир, намояндагони гурӯҳи навбатӣ, яъне кишти ҷуворимакка, арзан, ҷавдор, ҷав, лӯбиё, наск ва дигар зироатҳоро, ки дар фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ дар шакли холис ё омехта кошта мешаванд, таъкид кунем. Гарчанде ки инҳо назар ба дигар зироатҳои хӯрокворӣ намӣ, гармӣ ва нуриро камтар талаб мекунанд, барои ташаккули биомассаи баланди хӯроки чорво аҳамияти махсус доранд. Қисми болоии ин зироатҳо ғизои чорво буда, боқимондаи решаҳояшон хокро аз моддаҳои органикӣ бой ва ба ин васила фаъолияти микроорганизмҳоро пурзӯр мегардонанд.
Ҳоло бо назардошти миқдори ками юнучқа (ҳиссаи он ҳамагӣ қариб 5–7 дарсад) ва дигар зироатҳои лӯбиёгиро, ки кам кишта мешаванд, ба ҳисоб гирифта, нахӯди сабз, нахӯд, наск, лӯбиё ва омехтаи онҳоро бо сулӣ, ҷавдор ё гречиха кошта шаванд, ин ба зиёд гардидани хӯроки чорво имкон медиҳад.
Агар гуфтаҳои болоӣ амалӣ гардонида шаванд, соҳаи чорводории минтақа мувофиқи талаботи кишвари соҳибистиқлоламон тараққӣ мекунад ва чорводориро ба соҳаи бонуфузи кишоварзӣ табдил медиҳем. Бо ин амали худ мо на танҳо эҳтиёҷот ба маҳсулоти чорво доштаи имрӯза ва талаботи насли наврасро қонеъ мегардонем, балки бехатарии неъматҳои ғизоии онҳоро кафолат медиҳем.
Хидиралӣ БОТИРОВ,
профессори ДДС ба номи Шароф Рашидов.
