Ovozi.uz

Сабақи дидорбинӣ бисёр аст

Моро ба чорабинии «Вохӯрии се авлод», ки хатмкунандаҳои соли 1975‑и мактаби рақами 10‑уми ноҳияи Самарқанд (ҳоло 62‑юми шаҳри Самарқанд) якҷоя бо устодони худ ташкил намудаанд, даъват карданд.

Азбаски қаблан бо фаъолияти омӯзгорӣ машғул будам, бо тақозои касби имрӯзаам чанд бор дар чунин вохӯриҳои ҳамсинфон иштирок кардаам. Вақте ки яке аз ташкилотчиёни чорабинӣ Шаҳриёр Рӯзимуродов ба мо дар бораи барномаи ин чорабинӣ маълумот дод, на танҳо аз даъват ба чунин дидорбинӣ, балки аз тартиби гузарондани он низ мамнун шудам. Гап дар сари он ки чорабинӣ дар дабистон не, балки дар қабристон — аз зиёрати оромгоҳу ба некӣ ёд кардани устодону ҳамсинфони аз ҳаёт чашм пӯшида оғоз мешудааст. Дар ягон вохӯрии пешинаи ҳамсинфони собиқ чунин қадршиносиро мушоҳида накарда будам.

Ҳамон рӯз баъзе нафарон, ки дар сафар буданд ё ки бо сабабҳои дигар ҷои оромгоҳи охирини устодон ва ҳамсинфонро намедонистанд, бори аввал дар сари қабри онҳо даст ба дуо бардоштанд.

Сипас қисми дуюми чорабинӣ дар мактаби рақами 62‑юм идома ёфт. Дар он омӯзгорони собиқ, ки ҳоло гашти пирӣ меронанд, хатмкунандагони соли 1975 ва як гурӯҳ донишомӯзони мактаб иштирок карданд. Чорабинӣ бо суханронии роҳбарону омӯзгорони мактаб, хатмкунандагони собиқ ва баромадҳои донишомӯзон хеле хуб ва хотирмон гузашт.

Дар он Баҳодур Раҳмонов — фарзанди яке аз омӯзгорони маъруфи мактаб, шодравон Убайдулло Раҳмонов ба аҳли мактаб ва шогирдони он, ки чорабинии мазкурро ташкил намудаанд, хотираи неки муаллимону ҳамсинфони худро пос медоранд, арзи сипос намуда, ба онҳо китобҳо тӯҳфа кард.

Сӯҳбатҳои устодону шогирдон ва меҳмонон дар сари як пиёла чой, ёди даври донишомӯзӣ, ҳазлу шӯхиҳои бачагӣ ва ҳикояву суханҳои насиҳатомезу фаромушнашавандаи устодон хеле гуворо буданд ва ба ҳозирон нерӯву меҳри иловагӣ бахшиданд.

Ҷашни 60‑солагии дар ин мактаб фаъолияти худро оғоз намудани муаллими меҳрубону соҳибтаҷриба Комилҷон Сотиболдиев, ки шогирдонаш хеле дӯст медоранду ҳурматаш мекунанд, ба хурсандии ҳозирон хурсандӣ зам кард. Аз ин рӯ ба қароре омаданд, ки дар оянда ҳар сол вохӯрӣ гузаронанд. Бемуҳобот панди дидорбинӣ бисёр аст.

Тошқул АЗИМОВ