Ovozi.uz

Некӣ кунӣ, некӣ мебинӣ

Духтарчае бо падараш ба деҳа омад. Аз танҳоӣ зиқ шуда, ба падараш арз кард:

— Ман дар ин ҷо танҳоям, дугонаеро аз куҷо ёбам?

— Духтарҷон, ба кӯча баро, бо диққат зеҳн мон, ҳама ҷо пури дугона.

Чун баромад, касе ба назараш нанамуд. Яке тойчаеро дид. Хост дорад, натавонист. Аз байни буттазор харгӯш баромад, доштанӣ шуд, натавонист. Кабӯтар ҳам паридa рафт. Гамбӯсакеро диду дошта гирифт.

— Маро сар деҳ, – илтиҷоомез гуфт ӯ.

— Сар намедиҳам! Тойча, харгӯш ва кабӯтар аз ман гурехтанд. Охир ман нияти баде надоштам. Мехостам бо онҳо бозӣ кунам.

— Фаҳмо, – гуфт гамбӯсак. – Хоҳӣ, ёрдам медиҳам. Дӯстонат бисёр мешаванд.

— Мехоҳам! – хурсандона гуфт духтарак.

— Хасбедаи хушбӯро ба тойча нишон диҳӣ, хӯрда бо ту дӯст мешавад, болояш нишаста саёҳат мекунӣ. Зери бутта сабзии ширинро монӣ, заргӯш онро ёфта, мехӯрад ва боз барои сабзихӯрӣ омада, бо ту дӯст мешавад. Гандумро ба ҳар ҷойи ҳавлӣ пошӣ, кабӯтар омада, донахоро чида мехӯрад ва зери бом лона мемонад. Дӯстро дар ҳама ҷо ёфтан мумкин.Некӣ кунӣ – некӣ мебинӣ. Акнун маро сар деҳ. Аз ҳарорати гармии дастат роҳат кардам, парвоз кардан мехоҳам, – гуфт гамбӯсак.

©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова