Ovozi.uz

Шукуфонем чу гул Ӯзбекистонро!

Зубайдулла Ибрагимов соли 1955 дар ноҳияи Пайариқ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби рақами 23-и ноҳия ба техникуми кишоварзии ноҳияи Ғаллаорол дохил шуд. Сипас, хизмати ҳарбиро анҷом дода, соли 1981 донишҷӯи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон (ДМӮз) гардид.

Фаъолияти журналистии худро аз соли 1987 дар рӯзномаи «Меҳнат байроғи»-и ноҳияи Ғаллаорол оғоз намуд. Сипас, солҳо дар вазифаҳои гуногуни ташкилот ва идораҳои давлатӣ кор кард.

Узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, «Академики фахрӣ»-и Академияи байналмилалии илмҳои Турон мебошад.

Оромиши аз сина ғойиб

Хирому нози ту ороми ман бурд,
Маро ангеза дод он ҷилваҳоят.
Бифаҳмидам румузи хӯят аз буд,
Ҷилои санъат афзудам ба номат.

Ба ҳар як ишваат маънои олам,
Чунон дар ҳайратам, лолам, аҷойиб.
Мисоли гаштаи кайҳони беҳад,
Бишуд оромишам аз сина ғойиб.

Ба парвозӣ чу мурғе дар бари авҷ,
Биёвардӣ ба ҷунбиш ҳастиямро.
Ду чашмам баставу ақлам ба сӯят,
Ба дом овардаӣ мавҷудиямро.

Касоне чун туро ҳаргиз надонанд,
Ба поёни раҳи сеҳри азобанд.
Агар шодиву меҳратро бидонанд,
Хумори чеҳраи ёри чу обанд.

Камбудиҳои зиндагӣ

Намефаҳмад каси каҷ зиндагиро,
Надорад иттиҳоду эътиборе.
Намебандад миён бар хизмати халқ,
Вале ҳурмат намоед он чу ёре.

Надонад фарқи неку бад саросар,
Наёяд кори хайр аз дасташ аслан.
Ҳама рӯзаш ба санҷишҳо баробар,
Гузоред эҳтиромаш, ӯст одам.

Бигӯянд: «Абди Яздон дорад охир,
Хатоҳояш ба худ бошад муайян.»
Куҷо донад чунин шахсони «фохир»,
Надомат мекашад дар рӯзи равшан.

Тамизу ақл доранд инчунинҳо,
Биёмад фурсат, онҳоро биронем.
Дар ин даврони гул бишкуфтани халқ,
Кӣ гул асту кӣ хор, онро бидонем.

Биёмад фурсат андар интихобот,
Нигаҳ дорем зи бадкешон равонро.
Бувад имкон дар ин даврони ором,
Шукуфонем чу гул Ӯзбекистонро!

Тарҷумаи Ӯткир ҚАЛАМ.