Ovozi.uz

Бубахшед, муаллима

Ҳикоя

Рӯзҳои охир аз чӣ бошад, ки Одил осоишашро гум карда буд. Ҷой намеёфт, ки шинад. Гӯё дар кадом гӯшаю канори дилаш торе солҳо боз орому беовоз буду банохост ба чизе бархӯрда, сахт ба ларза омад ва аз қаъри қалбаш нидои маҳзуну дилхароше баровард. Дар ин рӯзҳо соате набуд, ки Одил беруни он андеша бошад. Вай хаёлан бо худ гуфтугӯ мекард, ҳалли он масъалаи мушкилро меҷуст, вале анҷоми ин сӯҳбатҳо беохир буд. Дар байни вай ва ҷавоби ҳамон саволи дардомези «чӣ бояд кард?» боз ҷарии васею бетаге мемонд. Ниҳоят Одил ба қароре омаду андак таскин ёфт, ба дилаш тасалло дод.

Вай дафтару қалам гирифта, сари миз нишаст ва оҳиста-­оҳиста навишт:

«Салом муаллима!..»

Одил мехост боз чизе нависад, лекин ба хона писарчаи хурдиаш даромад:

— Дада, ба сирк равем?

— Вақт надорам, рӯзи дигар меравем.

— Доим вақти шумо нест, — писарчааш рӯяшро ба дигар тараф гардонд.

— Ба ман халал нарасон, писарам. Гуфтам-ку рӯзи дигар меравем.

— Хайр, равем дадаҷон?!

Одил оташин шуд:

— Не! Намеравем! Фаҳмидӣ?!

Писарак аз хона баромаду дарро сахт пӯшид. Одил хост аз қафои вай барояд, вале ба чи фикр рафту аз ҷояш наҷунбид.

«…Пеш аз он ки ин мактубро ба шумо нависам, бисёр фикр кардам. Дудила будам. Аз як тараф виҷдонам азоб мекашид, аз тарафи дигар мегуфтам, ки акнун аз ин хат чӣ фоида? Оё шумо маро дар хотир доред? Хеле вақт гузашт. Ин мактубро барвақттар навиштан лозим буд ва аҳд кардам, ки менависам, гарчи дер шудааст. Дар ёдатон ҳаст, муаллима?..»

Аз берун овози гиря баромад. Одил дилу бедилон аз ҷояш хестанӣ шуд, вале ҳамсараш писарбачаҳои ба ҷӯшу хурӯш омадаро ором кард. Вай баъди фосилае боз навишт:

«Ман бисёр шӯх будам. Чи хеле ки мегӯянд, ба замин занед ба осмон меҷаҳидаму ба ҳаво партоед ба замин мечаспидам. Шумо роҳбари синфамон будед, шӯх бошам ҳам, дӯстам медоштед. Ё ба ман ҳамин тавр менамуд, чунки мо, шогирдонатон ҳамеша баҳс мекардем, ки шумо аз ҳама бештар киро дӯст медоред? Он вақтҳо аз куҷо донем, ки шумо ҳар яки моро чун фарзанди худ азиз медонед.

Зеҳнам тез буд, он чи ки як бор медидам ё мешунидам дар майнаам нақш мебаст. Бо вуҷуди ин нағз намехондам, чунки дар хона китобро ба даст намегирифтам. Вазифаҳои хонагиро ё тамоман иҷро намекардам ё пеш аз саршавии дарс аз дафтари рафиқонам шитобкорона мекӯчондаму бас. Ҳозир баръакс, худам кӯшиш мекунам, ки донишам зиёдтар бошад. Дар техникуми сохтмон ғоибона мехонам. Вале гӯё зеҳнам кунд шудааст, ба фаҳми бисёр чизҳо намеравам ва ба ман лозим меояд, ки он чиро дар вақташ аз худ накардам, мустақилона омӯзам, аммо ба ҳамаи ин вақт намерасад. Ҳар корро дар вақту соаташ кардан лозим будааст.

Ман аз куҷо донам, ки одам дар овони ҷавониаш бисёртар илм омӯхта, вақти калонсолиаш онро кор мефармудааст.

Солҳо гузашт. Мо мактабро тамом кардем, соҳиби касбу ҳунар шудем. Он чи ки шумо ёд медодед, дар ҳаёт ба ман кор меомад. Аммо дар ин бора ками кам фикр мекардам. Бо кору зиндагии худ машғул будам.

Имрӯз вақти ин мактубро навиштан дар бораи шумо бо тамоми ҳастиам, бо масъулияти тамом фикр кардам. Шумо намедонед. Ё донед ҳам, кайҳо аз хотиратон фаромӯш шудагист.

Саркори ҳамаи ҳангомаҳое, ки дар синфамон рӯй медоданд, ман будам. Аз дарс гурехтанро аввал ман сар мекардам. Қурбоққаро ба сумкаи муаллимаи ҷавон ман андохта будам. Ҳар як кирдукори ман сабаби вайроншавии дарс мешуд. Намефаҳмидам, ки ҳамаи ин на танҳо ба муаллимон, ба ҳамсинфонам, аз ҳама бисёртар ба худам зарари калон — саҳифаи холӣ мондаи донишам аст. Он вақтҳо худамро «Қаҳрамон» мепиндоштам, аз «корнамоиҳоям» фахр мекардам. Акнун фаҳмидам, ки қаҳрамони ҳақиқӣ кӣ будааст? Аз ҳама пеш ман аз кӣ бояд фахр кунам!

Ин ҳама «ҳангома»-ҳои давраи бачагӣ аз нодониамон сар мезад. Мумкин шумо аз гуноҳҳои ман гузаштаед? Аммо намедонам воқеаи дар шабнишинии тамомкунӣ рӯйдодаро аз дил баровардед ё не?

Ҳамон рӯз ҳамаи мо хурсанд будем. Аз он шод будем, ки номаи камол гирифтем. Худамонро ба воя расида ҳис мекардем. Шумо низ шарики хурсандии мо будед. Дар чашмонатон кам-кам ашк чарх мезад ва шумо ҳаракат мекардед, ки онро ба мо маълум накунед. Он рӯз ман ба ҳамон ҳолати шумо аҳамият надода будам. Ҳаёт маро маҷбур кард, ки дар ин бора фикр кунам ва фаҳмам: он қатраҳои оби дида ашки шодӣ буд, шумо хурсанд будед, ки боз сӣ нафар шогирдатон паррончак шуданд, роҳи зиндагиро мустақилона пеш гирифтанд. Андак хотиратон парешон буд, чун модари фарзандашро ба роҳи дур гусел карда, ки орзую нияти ягонааш бехавфу бехатар будани ин сафар аст.

Шумо фикр мекардед, ки оё ба мо пару боли бақуввату мустаҳкам дода тавонистед, оё мо, шогирдонатон дар ҳаёт устувор қадам монда метавонем, оё аз санҷишҳое, ки моро мунтазир аст бо шараф мегузарем, оё ҳама ёрию маслиҳатҳое, ки аз дастатон меомад, додед?

Имрӯз ман бо боварии комил мегӯям: муаллима, шумо ҳар чи лозим буд аз таҳти дил, бо нияти нек ӯҳда карда вазифаатонро сарбаландона иҷро намудед.

Ҳамон шаб мо пинҳонӣ нӯшокӣ овардем. Бисёриамон андак шермаст шудем. Дар ёдатон ҳаст, муаллима? Ман бо дилсӯзӣ ва шаккокии ба худ хос пурсида будам:

— Муаллима, дар мактаб зиқ шуда, кор карда мегардед? О, ба ягон кори «даромаднок», ба кори маошаш баландтар гузаред намешавад? Ё дар дигар ҷо кор карда наметавонед?

Ҳамин хел саволҳо дода будам ман ба шумо, муаллима!

Он вақт аз куҷо донам, ки ин саволҳои бемаънию бемавриди ман ба дили шумо сахт расиданаш мумкин! Аз куҷо донам, ки қадру қимат, обрӯю эътибори инсон аз касбу ҳунараш аст.

Имрӯз, ки худам зану фарзанддор ҳастам, ақлу ҳуш дорам, ғаму ташвишҳои зиндагиро дидам. Аз он саволҳоям андӯҳгин мешавам. Гапи рост. Борҳо бо гӯши худ шунидам, ки баъзеҳо мегӯянд:

— Пули давлатро, ки мегирад, ба бачаҳо тарбияи дуруст диҳад-дия, муаллим!

Сад афсӯс, ки аз ин тоифа омӯзгорон ёфт мешаванд. Ҳамин хелҳояшон буданд ва ҳоло низ ҳастанд, ки танҳо тарафи моддии корро ба ҳисоб мегиранд ва инро гуфта, аз касби пуршарафу пурифтихори худ меноланд. Ҳушу ёдашон тезтар гузаронидани дарс, аз дигараш парвое надоранд.

Вале агар рӯи рост гӯям, ба ман ду ва ҳатто се баробар зиёд маош диҳанд ҳам, ин корро ба гардан намегирам, дурусташ карда наметавонам, аз ӯҳдааш намебароям. Ба фикрам, барои омӯзгори ҳақиқӣ шудан танҳо майлу хоҳиш кифоя нест.

Ва имрӯз ба он саволе, ки ба шумо дода будам, худ аз худ ҷавоб меёбам. Аз ҳама ҳам бори гароне, ки дӯши маро азоб медиҳад, ин қадар сол гузаштаасту як бор ҳам шуморо ба ёд наовардаам. Ақаллан бо идатон — Рӯзи муаллимон табрик накардаам.

Ё ман аз тоифаи он касоне будам, ки саҳл карру фар расад, худашонро гум мекунанд, дӯстон, падару модар, устодонашонро аз ёд мебароранд?

Агар дар ҳаёт одаме ба ман нағзӣ кунад, мехоҳам, ҳатман, ба вай бо хубӣ ҷавоб гардонам. Аз худам мепурсам: ба ҳама некиҳои муаллимон бо чӣ ҷавоб гардондам?

Шунида будам, ки барои устод баҳои аз ҳама баланд ин агар ба шогирдаш гӯянд:

— Ба муаллимат раҳмат!

Ман кӯшиш мекунам, сазовори ин таҳсин шавам ва ба шумо ҷавоби муносиб гардонам.

Муаллима, мумкин имрӯз ҳам шуморо, айёми бачагиамро ба хотир намеовардам. Сабабаш писарчаҳоям бисёр шӯх ва гапнодароянд. Кӣ медонад, мумкин ба худам рафта бошанд, ё барои «гуноҳҳоям» шумо «аз бачаҳоят бин» гуфта бошед!

Насиҳатҳои маро калониаш гӯш намекунад. Охир, тоқатам намонд ва дирӯз барои гапгардониаш ба баногӯшаш як тарсакӣ фаровардам ва бори аввал шуморо ба ёд овардам.

Чӣ дили бузургу иродаи қавӣ дошта будед, муаллима!

Ин қадар сол ба мо нуқта ба нуқта бо субот ва матонат илм ва тарбия додед. Вақтатонро, асабатонро дареғ надоштед. Ҳама шӯхиҳои мо, «савол»-ҳои моро дар дил ғунҷонидед ва ақаллан боре барои инҳо гӯши ягонтаамонро сахтакак тоб надодед. Агар шумо ҳамон вақтҳо ба ман ҷазо медодед, мумкин имрӯз кирдукорҳоям он қадар аламовар намебуд!

Муаллима, бовар кунед, барои тарбияи се фарзанди худ он қадар душворӣ мекашам, хуни ҷигар мешавам, ки… ва боз шуморо ба ёд меорам.

Дар як синф сӣ ва ҳатто чил нафар хонандагон мешинанд. Бо ҳар яки онҳо сар ба сар задан осон магар? Боз чӣ қадар корҳои ҷамъиятӣ ба дӯши муаллим! Ҳамаи инро мебинаму фикр мекунам, ки чӣ хел вақт меёбанд ба ин корҳо муаллимон!

— Бубахшед маро, муаллима!

Бо ҳурмат ва эҳтиром шогирдатон Одил».

Одил чун одами бори вазнинеро ба манзил расонида, оҳи сабук кашид. Варақро дуқат карда, ба лифофаи тайёркардааш андохт ва оҳиста қадам монда, берун баромаду бо овози мутантан гуфт:

— Фардо ҳамаамон ба сирк меравем!

Ҳамсараш бо ҳайрат ба Одил нигоҳ карда, сабаби ин дигаргуниро дар вай меҷуст. Бачаҳо бошанд аз гапи дунё бехабар хурсандӣ мекарданд.

Тошқул АЗИМЗОДА