Ovozi.uz

Дар Самарқанд «Боғи ЮНЕСКО» таъсис дода мешавад

Ба муносибати сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, дар масоҳати беш аз 5 гектари маскани Қаросуви шаҳри Самарқанд «Боғи ЮНЕСКО» таъсис дода мешавад.

Ба гуфтаи Илҳом Йиткиров, роҳбари хоҷагии давлатии ҷангали Самарқанд, барои ин лоиҳа як қитъаи замини қаблан истифоданашуда интихоб гардида, ҳоло ба макони зебо табдил дода мешавад.

— Азбаски ин минтақа дар наздикии дарёи Зарафшон ҷойгир аст, намнокии хок баланд буда, ниҳолҳо зуд месабзанд, — гуфт И.Йиткиров. — Майдони мазкур аз партовҳо тоза карда шуд, хокҳои ҳосилхез оварда, шабакаи обёрӣ гузаронида шуд ва системаи обёрии қатрагӣ насб гадид. Лоиҳа эҷоди модели хурди нӯҳ боғеро дар бар мегирад, ки Амир Темур дар Самарқанд бунёд кардааст. Дар боғ беш аз 27 намуди 4 ҳазор дарахтони ороишӣ ва буттаҳо — каштан, сафораи ҷопонӣ, дуб, дарахти лола, силиваписарда, садбарг, лаванда, шамшод ва дигар растаниҳои нодир шинонда мешаванд. Ҳамчунин, минтақаҳои махсуси истироҳатӣ, мизу роҳравҳо насб карда мешаванд.

«Боғи ЮНЕСКО» на танҳо ба як минтақаи нави истироҳатӣ барои сокинони шаҳр, балки ба маркази таълими экологӣ ва ташаккули фарҳанги ҳифзи табиат барои ҷавонон табдил хоҳад ёфт. Дар ин ҷо мунтазам дарсҳои амалӣ барои донишомӯзони мактабҳо ва донишҷӯён, чорабиниҳои экологӣ ва маъракаҳои ниҳолшинонӣ ташкил карда мешаванд.

Дар доираи конфронс, иштирокчиёни форуми байналмилалӣ ва намояндагони мардуми васеъ дар боғ ниҳол мешинонанд.

Фазлиддин РӮЗИБОЕВ.