Ovozi.uz

Зинаҳои саодати инсон

Дар доираи Ҳафтаи XIV миллии ахбор ва китобдорӣ «INFOLIB UZBEKISTAN-2025» дар Маркази ахборот-китобхонаи ба номи А.Пушкини вилоят тақдимоти китобҳои “Зинаҳои саодат” – “Саодат пиллапоялари”-и шоира Ҳамида Каримова ва китобҳои “Бозии шеър” (“Шеър уйини”) ва “Афсонаҳое, ки ба некӣ ҳидоят мекунанд” (“Яхшиликга етакловчи эртаклар”)-и Абдиолим Сулаймон ӯғли баргузор гардид.

Дар оғози тақдимот методисти китобхона Насиба Мирзоева дар бораи ҳафтаи миллии ахбору китобдорӣ, саҳми эҷодкорон дар тарғиби китобу китобхонӣ, васеъ гадондани шумораи китобхонҳо ва зуд-зуд гузаронидани чунин тадбирҳо сухан ронд.

Чорабиниро бо суханони муқаддимавӣ ва муаррифии муаллифону китобҳояшон мутахассиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Зӯҳробегим ифтитоҳ бахшид.

Шоир Раҳимҷон Наимӣ ба сухан баромада, роҷеъ ба фаъолияти эҷодии Ҳамида Каримова фикру ақидаҳои худро баён кард. Ӯ таъкид кард, ки ба кӯҳансолии худ нигоҳ накарда, ин зани эҷодкор пурмаҳсул меҳнат мекунад ва дар чорабиниҳои гуногуни маънавию маърифатӣ фаъолона иштирок менамояд.

Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хӯроз Абдусаломов оиди асарҳои Абдуолим Сулаймон ӯғли суханони самимӣ гуфт ва дар корҳои минбаъдаи эҷодии муаллиф барору комёбиҳо таманно намуд.

Гулӣ Насимова, Эътибор Маҳмудова ва дигарон ҳам дар атрофи китоб ва эҷодиёти ин ду муаллиф ҳарф заданд.

Дар охир ба муаллифони китобҳо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои китобхона супурда шуд.

Б.ҶУМЪАЕВ