Мувофиқи Фармони Президент аз 26-уми августи соли 2024 «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи низоми дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ аз ҷониби давлат», муқаррар карда шудааст, ки «Ҳафтаи ҷамъияти шаҳрвандӣ» ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи декабр баргузор шавад.
Дар Садорати вилоятии адлия вобаста ба гузаронидани марҳилаҳои минтақавии ҳафтаинаи мазкур чорабинӣ доир гардид.
Дар он намояндагони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ — ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, раисони маҳаллаҳо ва кормандони ВАО иштирок карданд.
Зикр карда шуд, ки дар худи соли равон барои дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ 1 триллиону 200 миллиард сӯм маблағ ҷалб гардидааст. Аз ҷониби Фонди ҷамъиятии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис дар вилояти Самарқанд 1 лоиҳа дар шакли фармоиши иҷтимоии давлатӣ ва 18 лоиҳа дар шакли гранти давлатӣ ба маблағи 1,899 миллиард сӯм маблағгузорӣ шудааст ва ҳоло ҳамаи лоиҳаҳо бомуваффақият анҷом дода мешаванд.
— Аввалин чорабинии ҳафтаина, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурии мо бо иштироки беш аз 1500 намояндаи ҷамъияти шаҳрвандӣ баргузор мешавад, аз 1 то 5-уми декабр дар пойтахт бар асоси пешниҳодҳо ва ташаббусҳои интихобшуда баргузор мешавад, — гуфт роҳбари шуъбаи вилоятии Фонди ҷамъиятии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии дар назди Олий Маҷлис Достон Маликов. — Дар солҳои охир низоми нави дастгирии давлатии ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муҳими институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, аз соли ҷорӣ сар карда, аъзои Комиссияи парламентӣ якҷоя бо намояндагони шӯрои маҳаллӣ ба ташкили мулоқотҳо бо аҳолӣ, омӯзиши муаммоҳои муайяни соҳаи иҷтимоӣ ва маҳаллаҳо, эълони озмунҳо барои грантҳои давлатӣ ва фармоишҳои иҷтимоӣ, ки барои ҳалли мақсаднок ва самараноки онҳо равона шудаанд, шурӯъ карданд.
Дар идома бо созмонҳои давлатӣ меморандумҳои ҳамкорӣ имзо шуданд. Барои пурзӯр кардани нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, ба сатҳи нав баровардани боварии дуҷониба ва ҳамкории байни давлат ва ҷомеа ва густариши иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти иҷтимоӣ пешниҳодҳо баён гардиданд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
