Имрӯз ҷавонон барои бо замон ҳамнафас шудан бояд чиро омӯзанд? Ба хаёли ҳама баробари шунидани ин савол технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ ва монанди инҳо меояд. Дуруст аст, ки ҳоло дар вилоятамон барои бештар омӯхтани соҳаи IT таваҷҷуҳи ба худ хоса зоҳир намуда мешавад.
Дар шаҳри Самарқанд садҳо марказҳои омӯзиши барномарезӣ, дизайн, зеҳни сунъӣ, логистика ва ғайра фаолият пеш мебаранд. Аммо дар вилоят минтақаҳои дурдасте низ ҳаст, ки барои ҷавонони он ҷо шароити мусоид вуҷуд надорад. Бо ин мақсад моҳи октябри соли 2022 дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Нуробод аввалин маҷмӯаи IT Village кушода шуда буд. Ҳоло хатмкунандагони ин маҷмуа дар соҳаҳои гуногун фаолияти худро оғоз намудаанд.
Ба қарибӣ бо мақсади таъмин намудани таълими босифати вобаста ба технологияҳои муосири ҷавонони маҳаллаи Чиммоси ноҳияи Қӯшработ дар ин минтақа низ дуввумин «Шаҳраки IT»-и вилоят фаъолияти худро оғоз кард. Бо мақсади шиносонидани шароитҳои ин шаҳрак барои як гурӯҳ вакилони васоити ахбори оммавӣ пресс-тур ташкил гардид.
— Аз маркази шаҳри Самарқанд то деҳаи мо тақрибан 2 соат роҳ аст. Ҳамаи оилаҳо ҳам ба шаҳр рафту омад карда наметавонанд. Шаҳраки технологияҳои иттилоотии мазкур бо ҳамкории бахши вилоятии Вазорати технологияҳои рақамӣ ва ҳокимияти ноҳияи Қӯшработ бунёд гардида, 27-уми майи соли равон ифтитоҳи расмии он гузаронида шуд. Ҳоло дар ин ҷо 216 нафар ҷавонон дар соҳаҳои курсҳои барномарезӣ (24 нафар), таълими компутер (48 нафар) ва забонҳои хориҷӣ (144 нафар) таълим мегиранд. Таълим дар ин ҷо бепул буда, хонаҳо бо интернету компутерҳои замонавӣ таъмин гардидааст. Аллакай 60 нафар хатмкунандагон низ дорем, — гуфт менеҷери «Шаҳраки IT»-и ноҳия Ҷамшед Ботиров.
Дар охири пресс-тур як гурӯҳ донишомӯзони марказ аз ҷониби сарвари шӯъбаи минтақавии Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Дилмурод Хӯҷамбердиев бо сертификат ва ваучерҳо барои такмили дониш мукофотонида шуданд.
Шаҳзод Кенҷаев
