Ovozi.uz

Мақсад: беталафот гузаронидани иди Соли нав

Аз 1‑ум то 30‑юми декабр дар Фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд дар доираи «Моҳонаи бехатарии сӯхтор» тадбирҳои профилактикӣ гузаронида мешавад.

Тадбирҳо бо мақсади дар фурудгоҳ пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда, алалхусус сӯхтор ва таъмини бехатарии кормандону мусофирон ва рафъи хатарҳои эҳтимолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил мегарданд.

Ҳоло дар фурудгоҳ корҳои ороиши арчаи солинавӣ ҷараён дорад. Он дар асоси талаботи таъмини бехатарии техникӣ амалӣ мегардад. Дар ин ҷараёнҳо ба мустаҳкамии воситаҳои техникӣ, бехатарии барқӣ, пешгирии сӯхтор эътибори алоҳида нигаронида, чораҳои назорат пурзӯр карда мешаванд.

Инчунин, дар фурудгоҳ риояи қоидаҳои истифодаи воситаҳои техникӣ зери назорат қарор дорад. Аз ҷумла, истифодаи воситаҳои техникие, ки бар хилофи нишондоди истеҳсолкунанда истифода мешавад, таҷҳизоти барқии вайрона, кабелҳои корношоям, резеткаву рубилникҳои носоз манъ аст. Дар анбор ва биноҳои ёрирасон бе сарпӯшҳои муҳофизатӣ истифода бурдани воситаҳои барқӣ, часпондан ё ранг кардани симу кабелҳои барқӣ, бо масолеҳи оташгиранда печонидани асбобҳои рӯшноидиҳанда қатъиян манъ карда шудааст.

Ғайр аз ин, роҷеъ ба пешгирии истифодаи воситаҳои гармидиҳии носоз, беназорат гузоштани таҷҳизоти барқӣ корҳои ташвиқотиву фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Илова бар ин, бо Садорати вазъиятҳои фавқулодаи вилоят аз рӯи тартиби ҳаракати наҷотдиҳӣ ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ҳамкорӣ намуда, машғулотҳои профилактикӣ гузаронида мешавад.

Маъмурияти ҶММ «Фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд»