Қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят
Сессияи бисту чорӯми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати ҳафтум мувофиқи моддаҳои 6 ва 24‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ», моддаҳои 27 ва 99‑уми Кодекси буҷет ва Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2026» таҳти рақами КҶӮ‑4105, хатҳои Палатии ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20‑уми октябри соли 2025 тахти рақами 02–1515 ва Вазорати иқтисодиёт ва молияро аз 25‑уми декабри соли 2025 тахти рақами 01/57–1–29239 ба инобат гирифта қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2026» (дар идома Қонун гуфта мешавад) барои роҳбарӣ ва иҷро қабул карда шавад.
2. Ба инобат гирифта шавад, ки мувофиқи Қонуни мазкур даромадҳои соли 2026‑уми буҷети маҳаллии вилоят 7 200, 0 миллиард сӯм ва хароҷотҳояш 8 903,3 миллиард сӯм будани онҳо барои маълумот қабул гардид ва трансфертҳои байни буҷетии ба тартиб андозанда ба миқдори 1 703,3 миллиард сӯм, инчунин трансфертҳо, ки аз ҳисоби пардохтани андози аксиз ҷудо карда мешаванд, ба миқдори 406,9 миллиард сӯм тасдиқ карда шуданд.
3. Зеринҳо:
— нишондиҳандаҳои асосии пешбинишудаи даромадҳои буҷети вилоят дар иловаи 1‑ум;
— миқдори умумии маҳдуди хароҷотҳои аз буҷети вилоят ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷети ҳудудӣ ҷудошуда дар иловаи 2‑юм;
— нормативҳои барои соли 2026 ба буҷетҳои маҳаллии вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо аз рӯи пардохтҳои андозҳои умумидавлатӣ ва ҳатмии дигар, инчунин пардохтҳое, ки андоз нестанд, дар иловаи 3‑юм;
Дар ин муайян карда мешавад, ки пас аз қабули қарори мазкур Садорати хизмати хазинаи вилоят дар муддати як рӯз аз рӯи нормативҳо маблағҳое, ки аз даромадҳои ба тартиб андозанда ҷудо карда шуда, дар сохтори ахбори идораи молияи давлатӣ тақсимоти буҷети вилоят ва буҷети ноҳияву шаҳрҳои вилоятро ба тартиби муайянгардида гузорад.
4. Ҳаҷми ҳудудии даромад ва хароҷотҳои буҷетҳои ноҳия ва шаҳрҳо барои соли 2026 мувофиқи иловаи 4‑ум барои маълумот қабул карда шавад.
5. Миқдори камтарини рухсатшудаи маблағҳои буҷетҳои вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, ки дар суратҳисоби шахсии хазина меистанд, мувофиқи иловаи 5‑ум муайян гардад.
6. Ҳаҷми бунёди захираи буҷети вилоят барои соли 2026 ба миқдори 47,9 миллиард сӯм муайян карда шавад.
Барои соли 2026 бунёди захираи буҷети вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо ба миқдори камаш 1,0 дарсади хароҷотҳои умумии тасдиқгардидаи буҷетҳои дахлдор (маблағҳои барои молиягузории чорабиниҳое, ки бар асоси фикри ҷамоатчигӣ ташаккул дода шудаанд, аз ин мустасно) ташаккул дода мешавад.
Дар ин ба инобат гирифта шавад, ки миқдори бунёди захираи буҷетҳои ноҳия ва шаҳрҳоро ба миқдори аз соли пешина кам набуда ташаккул дода ва ташаккули маблағҳои бунёдҳои захираи буҷети вилоят амалӣ карда шудааст.
7. Зеринҳо мувофиқи:
Коэффитсиентҳои камкунанда ва зиёдкунанда, ки ба ставкаи базавии андоз роҷеъ ба 1 гектар замин ба миқдори мутлақ барои заминҳои ба хоҷагии қишлоқ пешбининашуда роҷеъ ба шахсони юридикӣ дар иловаи 6‑ум;
Коэффитсиентҳои камкунанда ва зиёдкунанда, ки нисбатан ба ставкаи базавии андоз роҷеъ ба шахсони ҷисмонӣ (ғайр аз заминҳои ба хоҷагии қишлоқ пешбинишуда, ки барои хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудаанд) ба миқдори мутлақ барои 1 метри мураббаъ муайян шудааст, дар иловаи 7‑ум;
Коэффитсиентҳо, ки аз рӯи андози молу мулки объектҳои мулки ғайриманқулу ғайриистиқоматӣ барои майдони 1 метри мараббаъ нисбати қимати калонтарини ба миқдори мутлақ муайяншуда дохил карда мешаванд, дар иловаи 8‑ум тасдиқ карда шаванд.
8. Ҷонишини аввали ҳокими вилоят (Ш. Бӯронов) Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят (Б. Мирзоев), садорати андози вилоят (Ф. Бобоев) якҷоя бо ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳо таъмини саривақтӣ ва самараноки иҷрои нишондиҳандаҳои барои буҷети маҳаллии соли 2026 муайяншударо бинанд.
9. Ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳрҳо, тақсимкунандагони маблағҳои буҷети ҳудудӣ, ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷети барои соли 2026‑ум ҷудокардаро боз ҳам пурзӯр намудани масъулият ва назорати риоя ба интизоми буҷет, таъмини пурраи пардохти андоз ва пардохтҳои ҳатмии дигар, инчунин зиёд намудани базаи даромадҳои буҷет ва зарурии муайян намудани манбаҳои иловагӣ эътибори алоҳида диҳанд.
10. Садорати андози вилоят (Ф. Бобоев) якҷоя бо идораҳои ҳудудии андоз мувофиқи ваколатҳои дар Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайяншуда: пурра ва дуруст ҳисоб кардани андозҳо ва саривақт ба буҷет ситонидани андозҳои мазкурро назорат кунанд;
дар ҳоли гузаронидани таҳлилҳои доимӣ роҷеъ ба андози замин, андоз барои истифода аз ресурсҳои об ва андози молу мулк, чораҳои пурра ҳисоб кардани андозҳоро таъмин ва аз рӯи ин андозҳо роҳ надодан ба қарздориро бинанд;
назорати доимии андозиро роҷеъ ба навъи андоз аз гардиши пули андоздиҳандагон барои дар ҳисоботҳои андоз пурра акс гардидани онҳо назорати доимиро амалӣ кунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ назорати андозии хронометражӣ ва камералӣ гузаронанд;
зиёд кардани базаи андоз аз замин ва молу мулк, яъне самаранок ва ба таври мунтазам ташкил намудани корҳои вазифаҳои барӯихатгирӣ вогузашта шавад.
11. Бо ҳамкории Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ (Б.Ҳайдаров) ва Садорати андози вилоят (Ф.Бобоев) оид ба андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар аз рӯи ситонидани қарздориҳои андози мавҷуд ба буҷет чораҳои дахлдорро андешанд, инчунин вазифаи андешидани ҳамаи чораҳои комплексӣ оиди нисбат ба аввали чоряк кам шудани қарздориҳои андоз бо анҷом ёфтани чорякҳо гузошта шавад.
12. Садорати минтақавии Агентии идораи активҳои давлатӣ дар вилояти Самарқанд (А.Эгамов), Садорати минтақавии вилоятии Маркази истифодаи самараноки объектҳои мулки давлатии назди Агентии активҳои давлатӣ (А.Янгибоев):
ташкил намудани корҳои барӯйхатгирии доимӣ оид ба муайян кардани объектҳои мулки давлатии холиистода;
таъмини таҳияи таклифҳои дахлдор роҷеъ ба мувофиқи натиҷаҳои бақайдгирӣ ташкил намудани рӯйхати объектҳои мулки давлатии холиистодаи мавҷуд дар вилоят, инчунин ба иҷора додан ё фурӯхтани онҳо.
13. Вазифа дода шавад, ки Садорати ҳавзаи сохторҳои ирригатсияи «Зарафшон» (Ф.Раҷабов) ва Садорати андози вилоят (Ф.Бобоев) якҷоя бо ҳокимони шаҳру ноҳияҳо дар ҳоли ҳисоби дақиқи ҳаҷмҳои обе, ки барои обмонӣ дар вилоят истифода мешаванд, оиди ҳаҷми истеъмоли мазкур ҳисоби пурраи андозҳо барои истифода аз захираҳои обро амалӣ намоянд, инчунин то охири соли молия ба буҷетҳои маҳаллӣ пурра ситонанд.
14. Садорати корҳои дохилии вилоят (Т.Арипов), Садорати Бюрои иҷрои ҳатмӣ дар вилояти Самарқанд (В.Ҳайдаров) чораҳои дар вақташ пурра ба буҷет ситонидани боҷ, ҷарима ва ҳазинаҳоеро, ки дар вилоят ба буҷет ҳисоб карда шудаанд, андешанд.
15. Шӯроҳои минтақавии намояндагони халқ ва ҳокимони ноҳия (шаҳр) бар асоси ваколатҳои соҳаи буҷети худ, ки дар моддаҳои 27 ва 28‑и Кодекси буҷети Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар карда шудаанд, аз рӯи пурра ва саривақт афтодани даромадҳо ба буҷет ва хазинаҳои мақсадноки давлатӣ, инчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет назорат гузоранд.
16. Тақсимкунандагони маблағҳои буҷети минтақавӣ бо охири ҳар чоряк аз рӯи сарфи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷет, инчунин натиҷаҳои амалии хароҷотҳо ба Шӯрои вилоятии намояндагони халқ ҳисобот дода раванд.
Дар ин, тақсимкунандагони маблағҳои буҷети минтақавӣ:
истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои аз буҷет ҷудо кардашуда, хусусан музди кор ва пардохтҳои ба он баробар кардашуда, пурра ба нақша гирифтан ва дар вақташ пардохтани хароҷотҳои барои хидматҳои озуқаворӣ, доруворӣ, коммуналӣ ва барномаҳои давлатӣ муайянгардида;
дуруст сохтани сметаи хароҷот ва ҷадвалҳои штатӣ, инчунин сметаҳои даромадҳову хароҷотҳои худ ва ташкилотҳои тасарруфашон;
истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷет ҷудокарда ва пурра иҷро шудани индикаторҳои мақсаднок;
тақсими дурусти маблағҳои аз буҷет ҷудокарда ба ташкилотҳои сохтори тасарруфи худ;
назорат аз рӯи амал кардан ба интизоми буҷет дар сохтори тасарруфи худ;
бо мақсади таъмини кушодагии ҷараёни буҷет, дар вебсайтҳо ҷойгир намудани маълумотҳоро таъмин намоянд.
17. Садорати минтақавии вилоятии Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон (В.Тоиров), роҳбари Бахши ҳамоҳангсозии рекламаи берунаи назди ҳокимияти вилоят (Ҷ.Негматов), инчунин ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба объектҳои рекламаҳои беруна чораҳои бастани шартномаҳоро андешанд ва аз рӯи ба буҷет пардохтани хазинаҳои оид ба ин шартномаҳо назорати доимӣ гузоранд.
18. Тавсия дода шавад, ки Садорати вилоятии Инспексияи назорати молиявии давлатии Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ш.Бобоқулов) аз рӯи назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷет ҷудошуда ва корҳое, ки амалӣ мешаванд, дар ҳар як чоряк дар сессияҳои Шӯрои вилоятии намояндагони халқ ахбор диҳад.
19. Тавсия дода шавад, ки хидмати ахбор — котиби матбуоти ҳокимияти вилоят (М.Ихтиёров), телевиденияи вилоят (Д.Исматов), таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» (Ф.Тошев), рӯзномаи «Овози Самарқанд» (Б.Раҳмонов) ба воситаи васоити ахбори оммавӣ баъзе андоз ва ставкаҳои пардохтиеро, ки дар Қонун муқаррар карда шудааст, тартиби ҷорӣ намудани андоз ва дигар маълумотҳоро эълон намоянд, инчунин дар веб-сайтҳои ҳокимиятҳо ҷойгир кунанд.
20. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои буҷети маҳаллӣ, рушди соҳибкорӣ ва ислоҳоти иқтисодии Шӯрои намояндагони халқи вилоят (М.Пӯлатов) ва ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ш.Бӯронов) гузошта шавад.
Раиси шӯро Шуҳрат НЕГМАТОВ
30‑юми декабри соли 2025
VII‑24–191–7–0-K/25
