Ҳар сол бо фаро расидани баҳор табиат зинда мешавад ва дар дили мардум ҳисси навшавӣ пайдо мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумӣ — Наврӯз фаро мерасад. Ин ҷашн на танҳо оғози баҳор, балки рамзи дӯстӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми анъанаҳои ниёгон мебошад.
Наврӯз барои мардуми мо танҳо як рӯз ё ид нест. Он маҷмӯи расму ойинҳоест, ки аз насл ба насл гузашта, то имрӯз идома доранд. Пеш аз ҳама, мардум хонаҳоро тоза мекунанд, ҳавлӣ ва кӯчаҳоро мерӯбанд, либосҳои нав мепӯшанд ва дастархони идона меороянд. Пухтани суманак, омода кардани таомҳои миллӣ ва аёдати хешу табор аз ҷумлаи анъанаҳои маъмули Наврӯз ба шумор меравад.
Хӯш, шумо кадом анъанаҳои миллии Наврӯзро медонед ва ба кадоме аз онҳо амал мекунед?
Хуршеда Саъдиева, — сокини деҳаи Оқмасҷиди ноҳияи Самарқанд: — Наврӯз барои ман пеш аз ҳама ҷашни покӣ ва меҳрубонист. Мо ҳар сол пеш аз ид хонаҳоро тоза мекунем, барои омода кардани дастархони идона як рӯз пеш тайёрӣ мебинем ва ба дидори хешу табор меравем. Ба фикрам, чунин анъанаҳо одамонро ба ҳам наздик мекунанд.
Назокат Меликова, — сокини маҳаллаи Чароғбони ноҳияи Тайлоқ: — Дар Ватани ободу озод ва тинҷ ид кардан мезебад. Яке аз анъанаҳои дӯстдоштаи ман дар Наврӯз пухтани суманак аст. Шабона занҳо гирди дег ҷамъ шуда, суруд мехонанд. Ин на танҳо пухтани таом, балки як маросими дӯстиву ҳамдилӣ мебошад. Баъзе аз анъанаҳои Наврӯзро имрӯз дар «Сайри Наврӯзӣ», ки ҳар сол аз ҷониби ҳокимияти ноҳия ташкил карда мешавад, метавон дид. Аммо аз байн рафтани баъзе расму ойинҳо табъи касро хира мекунад. Масалан, дар ҷавонии мо рӯзи Наврӯз ба хонадоне, ки арӯси нав фароварда буданд, мерафтем. Пас аз меҳмондорӣ ҳамроҳ ба арӯс ӯсмаҷӯшак молида, рақсу бозӣ мекардем. Ҳоло бошад, ин анъана қариб ки дида намешавад
.- Ҳоло ҷойи меҳмонравию дидорбиниро телефон гирифтааст, — илова намуд сокини ҳамин маҳалла Робия Неъматова. — Имрӯзҳо бисёр одамон танҳо тавассути телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ аз аҳволи ҳамдигар хабар мегиранду рӯзҳои ид табрик мекунанд. Аммо дар Наврӯз беҳтар аст, ки шахсан ба дидори якдигар равем. Зеро дидорбинӣ ва аҳволпурсии рӯ ба рӯ гармӣ ва самимияти дигар дорад.
Дар ҳақиқат, яке аз арзишҳои асосии Наврӯз маҳз ҳамин аст — наздик кардани одамон ба ҳамдигар. Ин ҷашн моро ба меҳрубонӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва нигоҳ доштани дидорбиниву аёдати якдигар даъват мекунад. Шояд аз ҳамин ҷост, ки Наврӯзро рамзи дӯстӣ ва ҳамдилӣ меноманд.
Д. ОБЛОҚУЛОВА
