Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо сармоягузорони чинӣ — Ван Ҷанг Хуа ва Суи Тонг Ши мулоқот анҷом дод. Дар он масъалаҳои рушди соҳаи тиб дар минтақа ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сармоягузорон таъкид намуданд, ки ният доранд дар Самарқанд клиникаи муосири ихтисосонида ба табобати бемориҳои гӯш, бинӣ ва гулӯро таъсис диҳанд. Қайд гардид, ки дар ин муассисаи тиббӣ усулҳои пешрафтаи табобат васеъ истифода шуда, аз ҷумла ба иглотерапия таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Барои татбиқи лоиҳа ҷалби 5 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳокими вилоят Адиз Бобоев таъкид намуд, ки дар доираи қонунгузорӣ ба сармоягузорон барои таъсиси клиникаи хусусии тиббӣ кумак расонида мешавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар самти татбиқи ин лоиҳа ба мувофиқа расиданд.
