Ба даст овардани ҳосили фаровони кишоварзӣ ба баъзе омилҳо вобаста аст. Яке аз онҳо мубориза бар зидди паҳншавии ҳашароти зараррасон, пешгирии бемориҳо ва нест кардани алафҳои бегона дар даруни зироатҳои кишоварзӣ, инчунин мусоидии обу ҳаво, шароити хок ва иқлим аст. Аз ин рӯ, барои муайян кардани паҳншавӣ ва инкишофи организмҳои зараровар тартиб додани нақшаи кории пешакӣ хеле муҳим аст.
Ташкили корҳои пешгирикунанда дар бобати ҳифзи растаниҳо аз ҳашароти зараррасон, бемориҳо ва алафҳои бегона, мубориза бар зидди паҳншавии минбаъдаи организмҳои зараровар асоси комёбиҳо ба ҳисоб меравад. Бо фармони Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 16‑уми феврал то 3‑юми марти соли равон чорабинии «15 рӯзи зарбдор», ки ба анҷом расид, барои пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасон, муайян кардани пайдоиши онҳо ва гузаронидани мониторинг эълон шуда буд.
Дар доираи чорабинӣ, дар ҳамаи шӯъбаҳои ноҳиявӣ тибқи ҷадвали муқарраршуда бо иштироки агрокластерҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, олимон ва мутахассисони соҳибихтисоси соҳа ва нозирони назорати фитосанитарии минтақавӣ-давлатӣ семинарҳои омӯзишии амалӣ ташкил карда шуданд.
Барои муайян кардани манбаъҳои ҳашароти зараррасон ва аниқ кардани дараҷаи пайдоиши организмҳои зараровар баъди зимистонгузаронӣ, 10 фоизи майдонҳои асосии зироатҳо бо усули диагоналӣ ё тахтаи шоҳмот вобаста ба намуди ҳашарот, дар сатҳи 25×25 ё 50 бар 50 сантиметр дар чуқуриҳои гуногун (то 5–15–20 сантиметр) кофта, аз алафҳои бегона ва боқимондаҳои онҳо намунаҳо гирифта шуданд. Намунаҳо тафтиш карда мешаванд. Мавзеъҳои ҷойгиршавии ҳашароти маканда ва газандаро, ки дар зироатҳо ошкор шудаанд, ба системаи иттилоотии автоматии «Назорати майдон» ворид мекунанд.
Айни замон майдони умумии зироати вилоятамон 246 ҳазору 882 гектарро ташкил медиҳад. 10 фоизи ин майдонҳои кишт барои бурдани корҳои назоратӣ ва мубориза бо ҳашарот ба нақша гирифта шудааст. Он 24 ҳазору 688 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз 22 ҳазору 274 гектар, яъне 90 фоизи майдон аз мониторинг гузаронида шуд. Маълумоте, ки аз минтақаҳо гирифта шудаанд, аз ҷониби мутахассисон ҳамаҷониба таҳлил карда мешавад. Истеҳсолкунандагон ва кишоварзон ташкили захираи воситаҳои биологӣ ва кимиёвиро барои мубориза бо ҳашароти зараррасон, беморӣ ва алафҳои бегона омӯхта, назорати истифодаи онҳоро мувофиқи талабҳои муқарраршуда назорат мекунанд.
Бахтигул ҒАНИЕВА,
роҳбари хизмати матбуоти Садорати карантин ва ҳифзи растаниҳои вилоят
