Иттиҳоди Аврупо бояд бидуни ба назар гирифтани манфиатҳои ИМА, дар доираи НАТО ба таври мустақил низоми амниятии худро таъсис диҳад. Ин фикрро сарвазири Италия Ҷорҷа Мелони пас аз сафари Сардабири НАТО Марк Рютте ба Вашингтон баён кард.
— Аврупо бояд масъулиятро бар дӯши худ гирад ва сутуни аврупоии иттиҳодро бо ҷасорат бунёд намояд, пеш аз ҳама, амнияти худро таъмин кунад, — гуфтааст Мелони.
Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди Аврупо аллакай равшан гуфтааст, ки ба таҳқирҳо ва танбеҳҳои зиёди ИМА дигар чашм намепӯшад. Дар ҳамин ҷо сарвазири Италия вазъияти марбут ба Гренландия ва масъалаи созишномаҳои тарифиро зикр кардааст
— Ниҳоят, мо дар масъалаи ҷанги ИМА — Эрон низ ҳамин тавр рафтор кардем, ки Италия ба он розӣ нест ва дар он иштирок намекунад, — қайд намудааст сиёсатмадор.
Қаблан хабарҳо паҳн шуда буданд, ки Доналд Трамп дар мулоқоти пӯшида бо Сардабири НАТО Марк Рютте муттаҳидонашро шадидан танқид карда, аз мавқеи онҳо нисбат ба вазъияти атрофи Эрон норозигӣ изҳор кардааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, президенти ИМА нишон додааст, ки ба сабаби набудани дастгирии кишварҳои аврупоӣ чораҳои ҷавобиро баррасӣ мекунад.
