19-уми апрел зодрӯзи нависанда Маҳбуба Турсунова аст
Имрӯз зодрӯзи шоира ва нависандаи ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Маҳбуба Турсунова аст. Ӯ фарзанди деҳаи Миронқули ноҳияи Самарқанд буда, пас аз хатми Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд тамоми умр дар таълимгоҳи маҳаллааш – мактаби рақами 28 омӯзгорӣ кардааст.
Маҳбуба Турсунова муаллифи маҷмӯаҳои ҳикояҳои ҳаҷвии “Савдои мушкил”, “Аҷаб мардумоне”, “Зиёфат”, “Он касе дурбин бувад” ва китоби шеърии “Офтобаки ман” (шеърҳо барои бачаҳо) мебошад. Қиссаҳои ҷолиби “Хайрӣ” ва “Сурати устод” ҳам ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Маҳбуба Турсунова бо ҳаҷвнигори дигари самарқандӣ – Бахтиёри Ҷумъа, ки зери як муқова китобҳояшро мебарорад, чанде пеш латифаву мутоибаҳои онҳо зери унвони “Нашхандҳо… Нӯшхандоҳо” дастраси хонандагон гардлид.
Имрӯз ин адибаи хушбаён ба баҳори 77-умини умри худ қадам мегузорад.
