Ovozi.uz

Ёдбуди шоири ватандӯст

Дирӯз дар толори фаъолони Маркази ахборот-­ресурси Донишкадаи забон ва маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба 90‑солагии омӯзгор, шоир ва нависанда Салим Кенҷа таҳти унвони «Дилу ҷонам ба хокат ҳаст пайванд!» чорабинии адабӣ-­фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони илму адаби Самарқанд, аз ҷумла сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон Тошпӯлат Тугалов, сарвари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ўзбекистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, рӯзноманигорон, устодону донишҷӯёни донишкада, дӯстону пайвандони шоир ва ихлосмандони каломи бадеъ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Салим Кенҷа, маҷмӯаҳои шеърии «Сайқали дил», «Садои Самарқанд», «Шодиву ғамҳои ман», «Меҳр ва шеър», «Умри гул», хизматҳои ӯ дар адабиёт ва нақши ӯ дар мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкории халқҳо сухан ронда шуд.

— Мо бо Салим Кенҷа борҳо ба сафарҳои эҷодӣ рафтаем, дар бисёр маҳфилҳо паҳлӯи ҳам будем, — гуфт профессор Аслиддин Қамарзода. — Ӯ на танҳо шоири хуб, балки инсони самимӣ ва дӯсти вафодор буд. Салим Кенҷа ҳамеша барои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат ба зодгоҳи худ талош мекард.

Дар идома нави­санда Бахтиёр Ҷумъа ва устоди Донишгоҳи давлатии педагогии Самарқанд Нодир Қаюмов дар бораи хусусиятҳои осори насриву назмии ӯ маърузаҳо карданд ва аз эҷодиёти шоир мисолҳо оварданд.

Ровии машҳури Самарқанд Аъзам Лутфуллоев якчанд шеъри шоирро бо овози ширадори худ қироат кард.

Зафар АМОНОВ