Лоиҳаи Ҳафтаи медиа, ки ба рушди амалии соҳаи медиа дар саросари Ӯзбекистон нигаронида шудааст, дар манзили навбатӣ — вилояти Самарқанд оғоз ёфт.
Дар ҳафтаи медиа, ки аз 27‑уми апрел дар Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд оғоз шуда то 1‑уми май идома мекунад, намояндагони соҳаи медиаи вилоят, роҳбар ва кормандони хидмати матбуотӣ, рӯзноманигорон, блогер ва эҷодкорони контентро дар як майдон ҷамъ овард.
Дар маросими кушодашавӣ ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ.Тухтаев, Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Ф.Тошев, ректори Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд Чидем Туркйилмаз ва мутахассисони соҳаи медиа, аз пойтахти кишварамон ташриф овардаанд, суханронӣ ва таъкид карданд, ки имрӯз медиа бояд на танҳо хабар диҳад, балки таъсир расонад.
— «Ҳафтаи медиа» имрӯз ба майдони воқеии мубодилаи таҷриба табдил ёфт, — гуфт коршинос Элдор Асанов. — Мо бештар ба машғулиятҳои амалӣ, кейсҳои воқеӣ ва масъалаҳои ҳуқуқию ахлоқии нашри мавод таваҷҷуҳ мекунем. Журналист бояд донад: чӣ менависад ва барои чӣ менависад. Пӯшида нест, ки рӯз то рӯз талаб ба рӯзномаҳои чопӣ кам шуда, шабакаҳои иҷтимоӣ рушд меёбанд. Дар асл, бошад талаб кам не, балки қадри навиштану эҷод кардан баланд мешавад.
Аз назария ба амал: рӯзи дуюм чӣ дод?
Рӯзи дуюми ҳафтаина бо тренингҳои амалии касбӣ идома ёфт.
— Аслан имрӯз бояд дар Фарғона мебудам, зеро роҳбари давлат он ҷост., — гуфт Гулноза Ҳусанова, инъикосгари фаъолияти Президент. — Аммо иштирок дар «Ҳафтаи медиа» дар Самарқанд ҳиссиёти дигар дорад. Ин ҷо муҳит ва сатҳи медиа тамоман дигар аст. Журналистони соҳибтаҷриба бисёранд ва мулоқот бо онҳо барои ман муҳим аст.
— Хурсанд шудам, ки дарси имрӯза танҳо як чорабинии омӯзишӣ нест, — гуфт Маҳлиё, мухбири Ӯз А. — Ин ҷо фазое шакл гирифт, ки мо журналист, блогер ва эҷодкорони контент на танҳо гӯш кардем, балки омӯхтем, баҳс ва таҷриба иваз намудем. Дар ҳақиқат, имрӯз медиа танҳо «инъикоскунанда» нест — вай мехоҳад ба як қувваи таъсиррасон табдил ёбад. Ва мо инро дар фаъолияти худ боз ҳам равшантар татбиқ мекунем.
— Имрӯз замон дигар шудааст. Одамон хабарро зуд ва бештар аз телефон мегиранд, — гуфт муҳаррири рӯзномаи «Қӯшчинор»-и ноҳияи Тайлоқ Мӯътабар Юлдошева. — Барои ҳамин рӯзномаҳои маҳаллӣ бояд тарзи кори худро тағйир диҳанд. Иштирок дар «Ҳафтаи медиа» дар Самарқанд ба мо нишон дод, ки хонанда дигар матнҳои хушку расмиро намехонад. Ӯ мехоҳад маводи сода, фаҳмо ва барои зиндагии ҳаррӯзааш фоидаоварро дастрас намояд. Саволи асосӣ дигар ин нест, ки «чӣ шуд?», балки — «чаро муҳим аст ва ба кӣ фоида дорад?»
Рӯзҳои дигар барои котибони матбуоти ҳокимияти ноҳияҳо, ташкилотҳои давлативу нодавлатӣ дарсҳои амаливу назариявӣ гузаронида мешаванд. Ҳафта рӯзи 1‑уми май хотима меёбад.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
