Ovozi.uz

Дафтари махсус

Давраи донишҷӯиро ҳама «овони тиллоӣ» меноманд. Ман солҳои таҳсиламро дар мактаби миёнаи рвқами 22-и ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд «даври бриллиантӣ» умри худ мешуморам. Зеро пойдевори зиндагӣ маҳз дар ҳамин давр гузошта мешавад. Албатта, ҳамаи омӯзгорон барои мустаҳкам гардидани ин таҳкурсӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Баъзе лаҳзаҳои мактабхоние низ ҳастанд, ки дар назари аввал чандон муҳим наменамоянд, вале солҳо мегузаранд ва ногаҳон мефаҳмед, ки маҳз ҳамон лаҳзаҳо дар зиндагӣ нақши амиқе гузоштаанд.

Субҳи имрӯз ба рӯи ҳавлӣ баромадам. Осмон пур аз абрҳои гуногуншакл буд. Беихтиёр мисли даври кӯдакӣ ба онҳо ном гузоштам: шутуршакл, кабӯтармонанд, дона-дона, бузург, бузургтарин, хурӯсмонанд…

Ногаҳон хотира маро ба овонӣ мактабхонӣ бурд. Симои муаллими фанни география Наим Раҳимов, ки иштирокчии Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ буданд, пеши назарам омаданд. Ин омӯзгори хоксор ҷаҳонбинии васеъ доштанд. Аз он кас мо на танҳо дарс, балки тарзи дидани дунёро омӯхтем.

Боре муаллим дар оғози дарси география ба мо супориш доданд: ҳар кадом бояд «дафтари махсус» дошта бошем — дафтари мушоҳидаи обу ҳаво. Чӣ гуна бурдани онро бо таҳаммул ба мо фаҳмонданд. Саҳифаҳо ба хоначаҳо ҷудо мешуданд. Мо бояд ҳар рӯз қайд мекардем: субҳ офтобӣ буд ё абрнок, ҳаво гарм ё сард, бориш ҳаст ё не, шамол аз кадом самт мевазад… ҳатто шакли абрҳоро тасвир мекардем.

Ин ба назар кори одӣ менамуд. Аммо дар асл дарси бузурги зиндагӣ буд.

Муаллим моро ба тамошобини одӣ не, балки ба мушоҳидагари ҳассос табдил медоданд. Мо дидани табиат ҳис ва дарс намудани онро ёд гирифтем. Ҳар рӯз барои мо кашфиёти нав буд.

Имрӯз мефаҳмам: «дафтари махсус» танҳо барои обу ҳаво набуд, балки дафтари бедор кардани ҳисси зебоӣ, диққат ва тафаккур буд. Ва шояд маҳз аз ҳамин ҷо муҳаббат ба табиат, ба дониш ва ба худи зиндагӣ оғоз меёфт… Имрӯз ба худ савол медиҳам: оё мо ҳам тавонистем ба фарзандонамон чунин «дафтари махсус»-и зиндагиро биомӯзем?.. Он рӯзҳо гузаштанд, аммо он дафтарро то ҳол гӯё дар дил варақ мезанам… Хонандагони азиз, шумо ҳам чунин «дафтари махсус» доштед? Имрӯзҳо дар мактабҳо чунин усул истифода мешавад? Ба назари шумо, мушоҳидаи ҳаррӯзаи табиат то чӣ андоза барои тарбияи фикр ва зеҳн фоидаовар аст? Фикру андешаҳоятонро нависед. Ин ҳам ёде аз устодон ва ҳам тӯҳфаи маънавӣ ба Рӯзи хотира ва қадршиносӣ хоҳад буд.

Муқимҷон ОРИФӢ