Ovozi.uz

Барои ӯзбекистониҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, барномаи мобилӣ роҳандозӣ шуд

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ё сафар доранд, акнун имкон доранд, ки аз хидматҳои консулӣ аз фосила ва зуд истифода баранд.

Барои онҳо барномаи нави мобилӣ барои осон кардани ҳалли масъалаҳои консулӣ дар хориҷа роҳандозӣ шуд.

Хусусиятҳои асосии барнома:

Маълумоти консулӣ — имконияти фаҳмидани суроғаҳо, рақамҳои телефон ва мансубияти ҳудудии ҳамаи муассисаҳои консулии Ӯзбекистон дар хориҷа.

Ариза — пешниҳоди фосилавии ариза барои расмӣ кардани шаҳодатномаи бозгашт ба ватан, инчунин дохил кардани муваққатӣ ё доимӣ зистани худ ба рӯйхати консулӣ.

Пуркунии автоматикӣ — қариб 80 дарсади майдонҳои маҷбурӣ дар анкета ва аризаҳо ба таври автоматикӣ пур карда мешаванд.

Талабҳои виза — маълумоти нав дар бораи шартҳои виза барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ пешниҳод карда мешавад.