Таърихи пуршарафи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ӯзбекистон ба касе пӯшида нест — варзишгарони мо дер боз номи неку шаъну шарафи ин диёри азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.Чанд даҳсола пеш чемпиони ҷаҳон оид ба бокс Рифат Рисқиев, нахустин гроссмейстери байналмилалӣ аз Ӯзбекистон Георгий Аъзамов, футболбозон Михаил Ан, Владимир Фёдоров, Василис Хадзипанагис, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ низ бозӣ кардаанд, «қаҳрамонон»-и олами кӯдакии мо буданд. Ҳамчунин, Геннадий Краснитский, Бародар Абдураҳимов ва Андрей Якубик, ки ба дарвозаи рақибон зиёда аз сад гол зада, ба «Клуби Федотов» шомил гардидаанд, ба «афсонаҳои футбол»-и мо табдил ёфтаанд.Тӯли солҳои истиқлол низ варзиш дар кишвар рушду равнақи тоза пайдо кард. Намояндагони мо борҳо чемпиони ҷаҳон ва Осиё гардида, инчунин медалҳои Бозиҳои олимпиро дар намудҳои гуногуни варзиш ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар яке аз чемпионатҳои Осиё байни ҷавонон дастаи футболи Ӯзбекистон ҷойи аввалро ишғол намуд.Гимнасти машҳури мо Оксана Чусовитина — чемпиони олимпӣ, ҷаҳон ва Осиё буда, ҳамчун иштирокдори ҳашт Бозии олимпии тобистона (1992, 1996, 2000, 2004, 2012, 2016, 2020) ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст.Солҳои охир варзиш дар Ӯзбекистон боз ҳам бештар рушд намуд. Хусусан, муштзанҳои мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои бузург ноил шуданд. Онҳо дар Бозиҳои олимпии охир дар маҷмӯъ 20 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 10‑тояш тилло мебошад. Дар Олимпиадаҳои солҳои 2020 ва 2024, ки дар Токио ва Париж баргузор гардиданд, муштзанҳои ӯзбекистонӣ бо натиҷаҳои баланд ва ҳатто рекордӣ пирӯз шуданд. Аз ҷумла, ҳунари баланди Ҳасанбой Дӯсматов, Абдумалик Ҳалоков, Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев, Лазизбек Муллоҷонов ва Баҳодур Ҷалолов таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуд.Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс моҳи майи соли 2023 бо иштироки зиёда аз 600 варзишгари 107 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар ин мусобиқа А.Муйдинхӯҷаев, Ҳ.Дӯсматов, А.Ҳалоков, Р.Абдуллоев ва Б.Ҷалолов ба унвони чемпионӣ сазовор шуданд. Ҳамчунин, чор муштзани ӯзбекистонӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. То он вақт варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба чунин натиҷаи баланд ноил нашуда буданд. Беҳуда футболро «бозии миллионҳо» намегӯянд. Барои рушди ин навъи оммавитарини варзиш низ таваҷҷуҳи ҷиддии давлатӣ зоҳир мегардад. Дар солҳои охир дар кишвар майдонҳои футболи зиёда аз якуним ҳазор мактаб таъмиру навсозӣ шудаанд. Имрӯзҳо дар онҳо беш аз як миллион кӯдак ва наврас маҳорати варзишии худро такмил медиҳанд. Дар тамоми кишвар мусобиқаҳои гуногуни футбол баргузор гардида, беҳтаринҳо қадрдонӣ мешаванд.Шумораи варзишгоҳҳои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ низ афзоиш ёфтааст. Агар соли 2017 дар кишвар ҳамагӣ 3 варзишгоҳ ба талаботи ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё ҷавобгӯ буд, имрӯз ин шумора ба 10 расидааст.Соҳиби майдон шудан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, бешубҳа, ифтихори бузург аст. Қарор аст соли 2027 чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баргузор гардад.Имрӯзҳо дар ҳудуди «Тошканди Нав» варзишгоҳи бузурги муосир бо арзиши 100 миллион доллар сохта мешавад. Он барои 55 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, пурра ҷавобгӯи талаботи ФИФА хоҳад буд. Дар назди он, инчунин се майдони машқ бунёд мегардад. Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳа, иншооти мазкур яке аз бузургтарин ва муосиртарин маҷмааҳои варзишӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.Комёбиҳо худ аз худ ба даст намеоянд — онҳо натиҷаи меҳнати пайваста ва талоши ҷиддӣ мебошанд. Албатта, дар ин роҳ имконияту шароите, ки аз ҷониби давлат фароҳам оварда мешавад, нақши муҳим дорад.Вақте дар бораи футбол сухан мегӯем, бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон бори аввал ду сол пеш дар Олимпиадаи Париж иштирок намуд. Ҳамчунин, соли равон рӯйдоди таърихии дигар ба амал омад — дастаи мунтахаби миллии кишварамон бори аввал дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мегардад, ширкат мекунад.
Шоҳмоти Ӯзбекистон низ имрӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ қарор дорад. Шоҳмотбози ҷавон Ҷавоҳир Синдоров дар мусобиқаи номзадҳо, ки дар Кипр баргузор гардид, дар 14 бозӣ 10 хол ба даст оварда, нуфузи мактаби шоҳмоти кишварро боз ҳам боло бурд. Ӯ акнун барои унвони чемпиони ҷаҳон бо Гукеш Доммараҷу рақобат хоҳад кард.Имсол моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанд Олимпиадаи 46‑уми ҷаҳонии шоҳмот баргузор мегардад. Умед аст варзишгарони мо дар ин мусобиқа низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, обрӯи кишварро баланд мебардоранд.Ду даҳсола пеш шоҳмотбози маъруф Рустам Қосимҷонов чемпиони ҷаҳон (аз рӯи версияи ФИДЕ) гардид. Орзу мекунем, ки Ҷавоҳир Синдоров низ дар оянда ба чунин дастоварди бузург ноил гардад.Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз дар рейтинги ФИДЕ аз панҷ шоҳмотбози беҳтарини ҷаҳон ду нафар — Нодирбек Абдусатторов ва Ҷавоҳир Синдоров намояндагони Ӯзбекистон мебошанд. Ин далели равшани рушди босуръати мактаби шоҳмоти миллӣ аст.Ғамхорӣ ба рушди варзиш ва оммавигардонии он дар байни аҳолӣ яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. На танҳо дар шаҳрҳо ва марказҳои навоҳӣ, балки дар гӯшаҳои дурдаст низ ба рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ба истилоҳ, «ба тӯй бо тӯёна», варзишгаронамон мекӯшанд пирӯзиҳои худро ба муносибати Иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз — 35‑солагии Истиқлоли ҷумҳуриамон ҳамчун туҳфа тақдим намоянд.Умедворем, ки мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2026, ки иштироки мунтахабамон дар ин мусобиқа худ воқеаи таърихист, боз ҳам натиҷаҳои баландтару дар хотираҳо мондагорро қайд намуда, бо сарбаландӣ ва қаҳрамонона ба кишварамон бармегардад.
М.ШОДИЕВ
