Бо қарори Ҳукумат аз 13-уми сентябри соли 2025 «Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи равандҳои қабул ба ташкилотҳои таҳсилоти олии касбӣ» ба Низомнома дар бораи тартиби қабул ба бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тағйирот ворид карда шуданд.
Мувофиқи он, ҳангоми қабул ба донишгоҳ ва донишкадаҳо, дар самтҳои таълиме, ки дар маҷмӯи фанҳояшон забони хориҷӣ мавҷуд аст, ба довталабони дорои сертификати милливу байналмилалии сатҳи B1 аз ин фан аз балли максималии муайяншуда 75 фоиз дода мешавад.
Ҳамчунин, ба довталабоне, ки сертификати милливу байналмилалии сатҳи B2 ва аз он болотар доранд, аз ин фан балли максималӣ (пурра) ҳисоб карда мешавад. Тартиби мазкур аз соли таҳсили равон амалӣ гардида, новобаста аз он ки забони хориҷӣ дар маҷмӯи фанҳо ҳамчун фанни якум ё дуюм муайян шудааст, ба ҳамаи сертификатҳои забонҳои хориҷӣ татбиқ мегардад.
Оё хатмкунандагоне, ки аз фанҳои асосӣ ва ҳатмӣ сертификат доранд, дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок намекунанд?
Довталабоне, ки аз ҳамаи фанҳо сертификат доранд, дар марҳалаи аввал тавассути сомонаи my.uzbmb.uz ба таври онлайн аз қайд мегузаранд. Онҳо имтиҳон намесупоранд ва танҳо пас аз анҷоми пурраи имтиҳонҳои тестӣ, дар давоми 15 рӯз муассисаи таҳсилоти олӣ, самти таълими бакалавриат ва шакли таҳсилро интихоб мекунанд. Барои маълумот метавонам бигӯям, ки соли гузашта дар вилояти мо шумораи довталабоне, ки аз ҳамаи фанҳо сертификат доштанд, 69 нафар буданд.
Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Самарқанд дар куҷоҳо баргузор мешаванд?
Ба нақша гирифта шудааст, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Самарқанд дар ҳафт бино баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар вилояти мо барои як баст (смена) ҳамагӣ 4110 ҷой омода карда мешавад. Онҳо инҳоянд:
тинои раёсати вилояти Самарқанди Оҷонсии арзёбии дониш ва малакаҳо (1200 ҷой);
толори варзишии литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд (480 ҷой);
толори мактаби варзишии махсусгардонидашудаи ба намудҳои бозиҳои варзишӣ ва варзиши сабук ихтисосонидаи Самарқанд (баскетбол) (600 ҷой);
толори мактаби варзишии ба намудҳои бозиҳои варзишӣ ва варзиши сабук ихтисосонидаи Самарқанд (гандбол/тӯби дастӣ) (360 ҷой);
толори варзишии факултаи тарбияи ҷисмонии Институти давлатии педагогии Самарқанд (960 ҷой);
толори мактаби варзишии ба намудҳои бозиҳои варзишӣ ва варзиши сабук ихтисосонидаи Самарқанд (бадминтон) (300 ҷой);
толори мактаби варзишии ба намудҳои бозиҳои варзишӣ ва варзиши сабук ихтисосонидаи Самарқанд (гимнастика) (210 ҷой).
Дар биноҳое, ки имтиҳонҳои тестӣ баргузор мешаванд, довталабон бо кондитсионерҳо барои мӯътадилии ҳарорати дохили бино, оби нӯшидании ҳаҷми зарфаш 0,5 литр ва қалами шарикии (ручкаи) кабуд таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин, барои волидон дар назди ҳар бино толорҳои интизорӣ ташкил гардида, дар онҳо барои мушоҳидаи мустақими (онлайни) раванди имтиҳони довталабон экранҳои калон насб карда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд ҷараёни имтиҳонҳоро тавассути сомонаи test.2026.uz низ кушоду рӯшан мушоҳида кунанд.
Суоле пеш меояд, ки оё шаҳрвандони мо, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии Ӯзбекистон ҳуҷҷат супоранд?
Албатта, метавонанд, аммо азбаски имтиҳонҳои тестӣ ба тарзи офлайн (ҳузурӣ) гузаронида мешаванд, бояд вилояти барои худашон мувофиқро интихоб карда, ба Ӯзбекистон биёянд ва тест супоранд. Раванди қабул ба ташкилотҳои таҳсилоти олӣ тавассути сомонаи Оҷонсӣ my.uzbmb.uz ё Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ (my.gov.uz) дар ду марҳила амалӣ карда мешавад.
Имтиҳонҳои тестии имсола аз гузашта чӣ фарқ дорад?
