Ovozi.uz

Низомнома ва тавсифи нишони ёдгории «35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тасдиқ гардид

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсиси нишони ёдгории «35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон», нишони ёдгории «35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таъсис дода мешавад.

Истиқлол арзиши бузургу муқаддасест, ки бо иродаи қавии мардуми далеру наҷиби мо, бо шуҷоату матонати аҷдодони фидокоре, ки барои озодӣ мубориза бурдаанд, ба даст омадааст. Он асоси корҳои неку созанда барои бунёди Ӯзбекистони Нав буда, мероси гаронбаҳоест, ки мо вазифадорем онро барои наслҳои оянда ҳифз кунем ва бегазанд расонем.

Маҳз ба шарофати Истиқлол, Конститутсияи навшудаи мо ва роҳи рушди кишвар, ки бар пояи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» муайян гардидааст, барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, арҷгузорӣ ба қадру қимати инсон, мустаҳкам намудани сулҳу субот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, ҳифзи таърихи пурифтихор, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар минтақа ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст.

Ин Фармон аз он ҷиҳат низ аҳамияти хоса дорад, ки нишони ёдгории мазкур ба ҳамватаноне супурда мешавад, ки дар мустаҳкам намудани Истиқлоли мамлакат, афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва нуфузи байналмилалии он саҳми арзанда гузошта, бо меҳнати содиқонаи чандинсола, маҳорати баланди касбӣ ва иштироки фаъоли худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ сазовори эҳтирому эътирофи мардум гардидаанд.

Бо Фармон инчунин Низомнома ва тавсифи нишони ёдгории «35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тасдиқ гардид.

Бо нишони ёдгории «35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон» инчунин шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро надоранд, низ метавонанд сарфароз гардонида шаванд.