Бозшавии чашм аз хоб — бозшавии имкониятҳои нав дар зиндагӣ аст.
* * *
Чиқ-чиқи соат гӯё садои тапиши дили инсон аст. Аз ҳар лаҳзаи он бояд самаранок истифода бурд.
* * *
Вақт ғиштест, ки аз он бинои баланд сохтан мумкин аст.
* * *
Ҳар лаҳзаи зиндагӣ — мукофотест барои инсон. Мукофотҳо барои рӯҳбаландӣ дода мешаванд.
* * *
Рафтани мо аз ҳаёт — қонуни зиндагист. Ин қонунро касе тағйир дода наметавонад.
* * *
Вақт чун қатора моро ба манзили охирин мебарад.
* * *
Падару писар сархуш буданд. Онҳо ҳамроҳ нишаста шароб менӯшиданд…
* * *
Писар хазинаи бебаҳои падар — китобҳои бешуморашро ба пул зада, сарфи маишати худ кард.
* * *
Пирамард замини рӯи ҳавлиро побел мекарду писару наберааш ғарқи телефонбозӣ буданд.
Эътибор ҲАЙДАРОВА
