Самарқанд замини муқаддасест, ки асрҳои аср яке аз марказҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ буда, бо мероси ғании таърихӣ, фарҳанги нотакрор ва алломаҳои бузурги худ дар ҷаҳон машҳур мебошад. Имрӯз ин шаҳри бостонӣ ва ҳудудҳои атрофи он на танҳо бо симои таърихӣ, балки бо салоҳияти замонавии иқтисодӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҷозибадории сармоягузорӣ ва нуфузи байналмилалии худ низ ба марҳилаи нави тараққиёт қадам мегузоранд.
Солҳои охир дар замири ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар вилояти Самарқанд амалӣ мегарданд, вазифаи таъмини фаровонии аҳолӣ, устувории рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи минтақа муҷассам аст.
Натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026 низ идомаи пайвастаи ҳамин ҷараёнро нишон доданд. Дар самтҳои асосии иқтисодиёти вилоят суръати рушд таъмин гардида, дар соҳаҳои саноат, хизматрасонӣ, туризм, сармоягузорӣ ва содирот натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудии вилоятамон 67,4 триллион сӯмро ташкил намуд. Суръати рушди иқтисодӣ ба 109,7 дарсад расид. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар иқтисодиёти ҳудуд барқарорӣ нигоҳ дошта мешавад ва нуқтаҳои нави рушд ташаккул меёбанд.
Аз ҳама муҳим, ин натиҷаҳо на танҳо дар рақамҳо, балки дар тағйироте, ки дар ҳаёти мардум ба амал омадаанд, акси худро меёбанд. Корхонаҳои нав, иншооти хизматрасонӣ, марказҳои сайёҳӣ ва ташаббусҳои соҳибкорӣ барои ҳазорон нафар дари имкониятҳои васеъ боз мекунанд.
Натиҷаҳои шашмоҳа бошад, бори дигар тасдиқ намуданд, ки ислоҳоти пайдарпай, идоракунии самаранок ва лоиҳаҳои ба манфиати инсон нигаронида барои рушди устувори Самарқанд заминаи мустаҳкам муҳайё месозанд.
Асоси рушди устувор
Рушди барқарори иқтисодиёти минтақа пеш аз ҳама бо салоҳияти истеҳсолот, рақобатпазирии шабакаҳои саноатӣ ва самаранокии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ муайян карда мешавад. Солҳои охир дар вилоятамон модернизатсияи саноат, ташкили қувватҳои нави истеҳсолот, коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои қимати баланди иловагӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст.
Поёни нимсолаи аввали соли 2026 низ нишон дод, ки корҳои дар ин самт анҷомёфта самараи баланд медиҳанд. Дар ин давра ҳаҷми саноат 109,8, кишоварзӣ 104,5, соҳаи сохтмон 137,7 ва ҳаҷми хизматрасонӣ 116,2 дарсад афзоиш ёфт.
Дар саноати кӯҳӣ 176,9, дар истеҳсоли маҳсулоти резинӣ ва пластмасса 149,9, истеҳсоли воситаҳои нақлиётӣ 123,6, соҳаи металлургия 116,2 ва дар роҳандозии маҳсулоти тайёри либос 114,2 дарсад болоравӣ қайд гардид.
Яке аз омилҳои муҳими рушди саноат корхонаҳои нав ва васеъ намудани қувваҳои истеҳсоли мавҷуд мебошад.
Мисол, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Si Tong Stone»-и ноҳияи Қӯшработ 19 ҳазор метри мукааб санги гранит истихроҷ кард. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 7 баробар зиёд мебошад. Натиҷаи мазкур нишон медиҳад, ки имкониятҳои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, густариши базаи ашёи хоми саноатӣ ва эҷоди қимати иловагӣ дар минтақа васеътар мегарданд.
Дар саноати масолеҳи сохтмон низ афзоиши назаррас ба қайд гирифта шуд. Мисол, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Samarqand Polimer»-и ноҳияи Пастдарғам 1,200 ҳазор метр профилҳои ПВХ истеҳсол намуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли корхона се баробар афзуд.
Корхонаи «Aziya metal proff» дар соҳаи металлургия ба натиҷаҳои алоҳида ноил гардид. Дар корхона маҳсулоти қиматаш 4,2 триллион сӯмина истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар болоравӣ таъмин шуд.
Ҷалби сармоягузорӣ барои рушди шабакаҳои дигари саноат ва иқтисод низ нақши муҳим дорад. Дар нимсолаи гузашта дар доираи барномаи сармоягузории ҳудудӣ 76 лоиҳаи 1,6 триллион сӯмина амалӣ карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо, имкони истеҳсоли маҳсулоти иловагии 592 миллиардсӯмина фароҳам омад.
Лоиҳае, ки дар шаҳри Самарқанд аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Dilrabo Agro Fresh» амалӣ гардидааст, мисоли равшани ин шуда метавонад. Ба корхона 60 миллиард сӯм сармоягузорӣ шуда, қуввати истеҳсоли муҳайё кардани 4 ҳазор тонна мураббо пайдо шуд ва инчунин, 60 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
Ин гуна лоиҳаҳо дар баробари зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот, барои таъмини шуғли аҳолӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави содиротӣ аҳамияти калон доранд.
Нуқтаи муҳими рушди иқтисодиёт
Имрӯз соҳаи хизматрасонӣ ба яке аз самтҳои босуръат рушдкунандаи иқтисодиёт табдил меёбад. Зеро ин соҳа на танҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ, балки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолии соҳибкорӣ ва афзоиши салоҳияти иқтисодии ҳудудҳо низ нақши муҳим мебозад.
Дар вилояти мо дар натиҷаи чораҳое, ки барои рушди соҳаи хизматрасонӣ мунтазам амалӣ карда мешаванд, доираи соҳа васеъ гардида, намудҳои замонавии хизматрасонӣ зиёд мешаванд.
Мувофиқи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026, ҳаҷми хизматрасониҳо дар вилоят ба 47,3 триллион сӯм расид. Суръати рушди соҳа 116,2 дарсадро ташкил намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи самтҳои асосии соҳаи хизматрасонӣ рушди мусбат ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ афзоиш 129,8 дарсад, дар хизматҳои алоқа ва ахборсозӣ 119,8 дарсад, дар хизматҳои соҳаи таълим бошад 119,5 дарсад таъмин гардид.
Дар доираи барномаҳои ҳудудӣ бо мақсади таъмини рушди бахши хизматрасонӣ як қатор лоиҳаҳои ояндадор амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввал 205 лоиҳа ба маблағи 1,5 триллион сӯм мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо 2044 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Ба фаъолият оғоз намудани объектҳои нави хизматрасонӣ дар баробари фароҳам овардани имконияти мусоид барои аҳолӣ, дар мавзеъҳо фаъолии иқтисодиро зиёд мекунад.
Дар шаҳри Самарқанд лоиҳаи меҳмонхона ба маблағи 14,5 миллиард сӯм, ки ҶММ «Peligrim Prime» амалӣ намуд, яке аз чунин ташаббусҳои ояндадор ба ҳисоб меравад.
Дар ноҳияи Ургут ҶММ «MEDPROFI» лоиҳаи хизматрасониҳои тиббии арзишаш 25 миллиардсӯминаро амалӣ кард. Ин лоиҳа дар баробари васеъ намудани доираи хизматрасониҳои муосири тиббӣ, имконияти таъсиси ҷойҳои нави кориро низ фароҳам овард.
Барои рушди устувори бахши хизматрасонӣ ба беҳтар намудани инфрасохтори соҳибкорӣ ва таъсиси объектҳои нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, барои объектҳои сервис 53,7 гектар майдони замин ба музояда гузошта шуд. Дар натиҷаи фурӯхта шудани 38,1 гектар замин объектҳои нави хизматрасониро таъсис доданд. Аз ҳисоби ин лоиҳаҳо шуғли 7,6 ҳазор нафар аҳолӣ таъмин гардид.
Ҳамчунин, бо мақсади густариши системаи хизматрасониҳои муосир барои аҳолӣ ва иштирокчиёни ҳаракати транзитӣ дар канори роҳҳои автомобилгард 34 лоиҳа ба маблағи 166,8 миллиард сӯм ба истифода супурда шуд. Дар натиҷа, 271 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Бо мақсади рушди инфрасохтори ҳудудҳо ва ба марҳилаи нав баровардани фарҳанги савдо ва хизматрасонӣ корҳои ташкили кӯчаҳо дар асоси тамоюли «24/7» амалӣ гардонида мешаванд. Дар ин самт барои 7 кӯчаи марказӣ 11,1 миллиард сӯм маблағ равона карда шуд. Дар натиҷа, 112 объекти замонавии сервис таъсис ёфта, 393 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
Ба кӯчаи гастрономӣ табдил додани кӯчаи Рӯдакии шаҳри Самарқанд намунаи самараноки ин ташаббус шуд. Дар ин ҷо 24 объекти замонавии савдо ва хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз карданд. Дар натиҷа барои 95 нафар шаҳрванд манбаи нави даромад фароҳам омад.
Чунин лоиҳаҳо барои баланд бардоштани ҷозибадории сайёҳии шаҳр, рушди соҳибкории хурд ва барои аҳолӣ муҳайё кардани муҳити мусоид хизмат мекунанд.
Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи хизматрасонӣ дар асоси қарори Президент 152,7 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардид. Дар доираи ин маблағҳо, дар асоси «Усули лоиҳавӣ» 48 ташаббуси азим амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла, барои ташкили минтақаҳои сайёҳиву истироҳатӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ дар маҳаллаи Тепақули ноҳияи Нуробод 8 миллиард сӯм маблағ равона карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа, 5 субъекти нави соҳибкорӣ таъсис дода шуда, фаъолияти 8 соҳибкор густариш меёбад ва 45 ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.
Дарвозаи сайёҳии дунё
Имрӯз яке аз мақсадҳои асосӣ дар соҳаи сайёҳии вилоятамон дар баробари зиёд намудани шумораи сайёҳон, дароз кардани муҳлати будубоши онҳо дар ҳудуд ва таъмин намудани онҳо бо хизматрасониҳои босифат мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо, дар нимсолаи аввали сол ба Самарқанд зиёда аз 3,4 миллион нафар сайёҳи хориҷӣ ва 4,7 миллион нафар сайёҳи маҳаллӣ омадаанд.
Давомнокии миёнаи будубоши сайёҳон ба 3 рӯз расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба давраи қаблӣ 0,5 рӯз зиёд аст. Ҳамчунин, хароҷоти миёнаи як сайёҳ 400 долларро ташкил намуда, ба 70 дарсад афзоиш ёфт. Дар натиҷа, ҳаҷми экспорти хизматрасониҳои сайёҳӣ ба 578,1 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144 дарсад болоравӣ таъмин гардид.
Яке аз омилҳои муҳими рушди соҳа ташаккул додани инфрасохтори бароҳат ва муосир барои сайёҳон мебошад. Бо ин мақсад дар вилоят ҷиҳати таъсиси меҳмонхонаҳои нав, ҳостелҳо, хонаҳои меҳмони оилавӣ ва дигар воситаҳои ҷойгиркунӣ корҳои пайгирона амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар давоми шаш моҳи гузашта 65 воситаи нави ҷойгиркунӣ дар 1474 ҷой ба истифода супурда шуд. Дар натиҷа, шумораи умумии объектҳои ҷойгиркунии вилоят ба 929 адад ва шумораи ҷойҳо дар онҳо ба 23,3 ҳазор расонида шуданд.
Дар ин маврид бояд қайд кард, ки объектҳои нави сайёҳӣ на танҳо имконияти қабули сайёҳонро зиёд мекунанд, балки барои аҳолии маҳаллӣ низ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд. Лоиҳаи «Маркази сайёҳии кӯҳии Edelvays», ки ҶММ «Original Maks Lyuks» дар ноҳияи Самарқанд амалӣ намуд, аз ҷумлаи чунин ташаббусҳои бузург мебошад. Ин маҷмааи замонавӣ, ки арзиши он 40 миллион доллар аст, барои рушди сайёҳии кӯҳӣ, ташкили минтақаҳои нави истироҳатӣ ва баланд бардоштани ҷозибадории сайёҳии ҳудуд хизмат мекунад.
Дар салоҳияти сайёҳии Самарқанд туризми зиёратӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро зиёратгоҳҳои муқаддасе, ки бо ҳаёт ва мероси илмии алломаҳои бузург алоқаманданд, тӯли солҳои зиёд аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон меҳмононро ба худ ҷалб менамоянд. Пурра ба истифода дода шудани Маҷмааи ёдгории Имом Бухорӣ дар ин самт имкониятҳои нав фароҳам овард. Иқтидори маҷмаа барои қабули 65 ҳазор нафар зиёраткунанда дар як рӯз расонида шуд. Дар се моҳи охир ба ин зиёратгоҳ зиёда аз 2,8 миллион нафар меҳмон ташриф овардааст.
Барои дар сатҳи ҷаҳон баланд бардоштани нуфузи Самарқанд аҳамияти чорабиниҳои байналмилалӣ бузург аст. Дар нимсолаи аввал дар шаҳри Самарқанд 7 чорабинии бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид. Чунин чорабиниҳо мавқеи шаҳрро на танҳо ҳамчун маркази сайёҳӣ, балки ҳамчун маркази соҳибкорӣ ва фарҳангӣ низ таҳким мебахшанд. Ҳамзамон, шаклҳои нави хизматрасонӣ ба сайёҳон роҳандозӣ карда мешаванд.
Масалан, ба тартиби фаъолияти шабонарӯзӣ гузаронидани бозори Сиёби шаҳри Самарқанд яке аз чунин лоиҳаҳо шуд. Дар натиҷа, ҳар рӯз ба бозор ба ҳисоби миёна 10 ҳазор нафар меҳмон ташриф овард ва гардиши ҳаррӯзаи савдо ба 165 ҳазор доллар расид. Ин ташаббус имкониятҳои сайёҳии гастрономии Самарқандро боз ҳам васеъ намуд.
Сайёҳии муосир танҳо бо ёдгориҳои меъморӣ маҳдуд намешавад. Имрӯз барои сайёҳон пешниҳод намудани таҷриба ва имкониятҳои нав аҳамияти муҳим касб мекунад. Бо ин мақсад ҷиҳати рушди сайёҳии экстремалӣ, экологӣ ва деҳот як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд. Ба маҳаллаҳои Боғизоғон, Пангат ва Янгиҷой мақоми «Деҳаи сайёҳӣ» дода шуд. Тавассути 85 нуқтаи хизматрасонӣ дар ин ҳудудҳо ба сайёҳон хизматрасониҳо дар самтҳои этнотуризм, сайёҳии гастрономӣ ва экологӣ пешниҳод мегарданд.
Ин ҷараён барои аҳолии маҳаллӣ манбаъҳои нави даромад фароҳам оварда, дар минтақаҳои деҳот фаъолии иқтисодиро афзоиш медиҳад.
Дар вилоятамон инчунин оид ба истифодаи самараноки мавзеъҳои табиӣ ва рушди экотуризм нақшаҳои ояндадор таҳия мегарданд. Аз ҷумла, дар атрофи обанбори Каттақӯрғон барои бунёди минтақаи экотуризм ба маблағи 30 миллион доллар ва дар атрофи обанбори Оқдарёи ноҳияи Иштихон ба маблағи 38 миллион доллар сарнақшаҳо (мастер-планҳо)-и бунёди минтақаҳои экотуризм омода карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар 60 гектари «Қоратепа», 178 гектари «Сойиғӯс»-и ноҳияи Ургут ва ҳудудҳои дигар корҳои ташкили минтақаи туристӣ-рекреатсионии «Самарқанд эко ва экстремал» идома доранд.
Ин лоиҳаҳо маҳсулоти сайёҳии Самарқандро боз ҳам ғанӣ гардонида, мавқеи онро дар бозори байналмилалии сайёҳӣ бештар мустаҳкам хоҳанд кард.
Марҳилаи нави болоравӣ
Тараққиёти устувори иқтисодии ҳар як ҳудуд, пеш аз ҳама, аз ҷозибадории муҳити сармоягузорӣ, болоравии салоҳияти истеҳсолот ва имконияти ба даст овардани мавқеи муносиб дар бозорҳои хориҷӣ вобаста аст.
Натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026 нишон дод, ки самараи ислоҳот дар ин самт низ дар вилоятамон баланд мебошад. Аз ҷумла, дар доираи барномаҳои сармоягузории ҳудудӣ 350 лоиҳа ба маблағи 263,2 миллион доллар ба истифода супурда шуд. Аз ин шумора 79 лоиҳа ба соҳаи саноат, 202 лоиҳа ба бахши хизматрасонӣ ва 69 лоиҳа ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Дар натиҷаи ба кор даровардани объектҳои нави истеҳсолот ва хизматрасонӣ 4361 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҶММ «Nanjing Cement Group»-и ноҳияи Нуробод корхонаи истеҳсоли семент ба маблағи 63,5 миллион доллар кори худро шуруъ кард. Ин корхона, ки қувваи солонаи он 1 миллион тонна мебошад, имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ зиёд гардад, талаботи бозори дохилӣ қонеъ ва шуғли 200 нафар шаҳрванд таъмин карда шавад.
Ҷалби сармояи хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани ҷозибадории сармоягузории вилояти Самарқанд ба ҳисоб меравад.
Соли равон ба иқтисодиёти вилоят азхуд намудани 4,4 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва татбиқи 189 лоиҳаи бузург ба маблағи умумии 10 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи аввал 1,2 миллиард доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ азхуд карда шуд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Булунғур аз ҷониби ҶММ «Yangi Osiyo xalqaro biofarmasevtika» лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ ба маблағи 30,7 миллион доллар ва дар ноҳияи Иштихон аз ҷониби коллеҷи байналмилалии Самарқанд лоиҳа ба маблағи 18,9 миллион доллар амалӣ гардид.
Чунин ташаббусҳо барои рушди соҳаҳои нави иқтисодиёт, ҷалби дониш ва технологияҳои муосир, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои мутахассисони баландихтисос хизмат мекунанд.
Нишондиҳандаи асосии салоҳияти иқтисодӣ
Ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулот, афзоиши ҳаҷми содирот ва азхудкунии бозорҳои нав яке аз самтҳои муҳими равнақи иқтисодии ҳудуд ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, бояд таъкид кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 497,1 миллион доллар маҳсулот содирот карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад болоравӣ таъмин гардид.
Ғайр аз ин, бо мақсади диверсификатсияи таркиби содирот 87 корхонаи нав ба бозорҳои хориҷӣ ҷалб карда шуданд. Экспорт кардани маҳсулоти орд ба маблағи 1,2 миллион доллар аз ҷониби ҶММ «Iqbol Trade»-и ноҳияи Ҷомбой ба Афғонистон намунаи чунин натиҷаҳои самарабахш мебошад.
Дар шароити имрӯзаи бозори ҷаҳонӣ сифати маҳсулот ва мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ яке аз шартҳои асосии муваффақияти содирот маҳсуб мешавад. Бо ҳамин мақсад, дар вилоят ба мутобиқсозӣ ва сертификатсияи корхонаҳо мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар давраи ҳисоботӣ 40 корхона мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, барои гирифтани 81 сертификат, аз ҷумла сертификатҳои байналмилалии ISO 9001, CE ва OEKO-TEX ба онҳо ёрии амалӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, иштироки корхонаҳои мо дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба омили муҳими густариши имкониятҳои содиротӣ табдил меёбад. Аз ҷумла, 37 корхонаи вилоят дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Heimtextil»-и Германия, «Gulfood»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «RosBuild»-и Русия иштирок намуданд. Дар натиҷа, имкониятҳои ворид шудан ба бозорҳои нави Нидерландия, Зеландияи Нав ва Бангладеш фароҳам оварда шуданд.
Дар шаш моҳи гузашта дар доираи системаи GSP+ ба бозори Аврупо ба маблағи 17 миллион доллар маҳсулот экспорт карда шуд. Умуман, ҳаҷми содирот ба самти Аврупо нисбат ба соли гузашта 113 дарсад афзоиш ёфт.
Бозорҳои содиротӣ бошад, аз ҳисоби Россия, Хитой, Афғонистон, давлатҳои ҳамсоя ва кишварҳои Аврупо пайваста васеъ мегарданд.
Муҳимтар аз ҳама, ин ҷараёнҳо барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ, барои соҳибкорон имкониятҳои нав ва барои ҳудуд дурнамои рушди устувори иқтисодиро фароҳам меоранд. Дар натиҷа, Самарқанд на танҳо ҳамчун маркази таърихиву фарҳангӣ, балки ҳамчун минтақаи ҷозибадор барои сармоягузорӣ, дорои иқтидори баланди содиротӣ ва иқтисодиёти замонавӣ ба марҳилаи нави рушд қадам мегузорад.
Сӯйи марраҳои нави пешрафт
Нимсолаи аввали соли равон барои вилоятамон давраи муҳими рушди иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва ташаккули имкониятҳои нав гардид. Тавре дар боло қайд шуд, дар соҳаи саноат қувваҳои нави истеҳсолот ба истифода супурда шуданд, бахши хизматрасонӣ густариш ёфт, нуфузи байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ боз ҳам таҳким пайдо кард ва дар нишондиҳандаҳои сармоягузорию содиротӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Аммо муҳимтарин натиҷа манфиати инсон аст, ки пушти ин рақамҳо қарор дорад, яъне ҷойҳои нави корӣ, манбаъҳои нави даромад ва имкониятҳое, ки барои аҳолӣ фароҳам оварда мешаванд. Инчунин, мезони асосии ислоҳоте, ки дар Самарқанд амалӣ мегарданд, на танҳо рушди иқтисодӣ, балки таҷассуми амалии он дар ҳаёти аҳолӣ мебошад.
Имрӯз Самарқанд ҳамчун минтақае муаррифӣ мешавад, ки таърихи бой ва мероси фарҳангии худро бо тараққиёти замонавӣ ҳамоҳанг месозад.
Вазифаи навбатӣ рушди минбаъдаи натиҷаҳои бадастомада, истифодаи имкониятҳои нав ва тавсеаи доираи лоиҳаҳое мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ равона шудаанд.
Шербек БӮРОНОВ,
ҷонишини якуми ҳокими вилоят
