Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар моҳҳои январ-июни соли 2026, Ӯзбекистон ба 57 кишвари хориҷӣ 47,7 ҳазор тонна мавиз ба маблағи 60 миллион доллари ИМА содир кардааст.
Ҳаҷми содирот дар муқоиса бо даври мутаносиби соли гузашта қариб 704,5 тоннаафзоиш ёфтааст.
Кишварҳое, ки Ӯзбекистон дар ин давра бештар мавиз содир кардааст:
Қазоқистон — 15,2 ҳазор тонна;
Хитой — 6 ҳазор тонна;
Россия — 5,6 ҳазор тонна;
Туркия — 3,9 ҳазор тонна;
Эрон — 1,7 ҳазор тонна;
Украина — 1,6 ҳазор тонна;
Озарбойҷон — 1,4 ҳазор тонна;
АМА — 1,1 ҳазор тонна;
Бразилия — 994,2 тонна;
Кишварҳои дигар — 8 ҳазор тонна.
