Дар ҳокимияти вилоят бахшида ба 35‑солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон маросими тантанавии супурдани мукофотҳои давлатӣ ва нишонҳои сарисинагӣ баргузор гардид.
Дар он ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба намояндагони соҳаҳои гуногун ҷоизаҳоро супорид. Ба чорабинӣ баромади мусиқии Оркестри Округи марказии ҳарбӣ шукӯҳи хосса бахшид.
Дар ин рӯз хидматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, намояндагони ҷамоатӣ, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва таълим эътироф гардиданд.
— Ба онҳое, ки бо фаъолияташон ҳаёти вилояти Самарқандро ба сӯйи беҳтар тағйир медиҳанд, миннатдорӣ баён мекунем, — гуфт ҳокими вилоят А. Бобоев. — Маҳз ба шарофати касб ва ташаббускории онҳо иқтисодиёт ва инфрасохтор ривоҷ ёфта, суботи иҷтимоӣ мустаҳкам мегардад ва барои таъмини некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Аз ҳама муҳимаш, фаъолияти онҳо барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад.
Чӣ хеле кӣ дар Фармонҳои Президент таъкид шудааст, мукофотонидашудагон дар татбиқи ислоҳот, роҳандозии технологияҳои замонавӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, пешрафти соҳаҳои таълим, тандурустӣ, маданият, экология ва дигарҳо саҳми назаррас гузоштаанд. Фаъолияти онҳо ба таҳкими тинҷиву осоиштагӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори маънавиву зеҳнии мамлакат хизмат мекунад.
Дар қатори дигарон координатори Маркази рушди бармаҳали бачаҳои ноҳияи Тайлоқ Заррина Зоҳидова низ бо нишони сарисинагии «Соғлом турмуш» мукофотонида шуд.
— Маркази мо аз моҳи октябри соли 2021 фаъолият оғоз карда, то имрӯз барои рушди таълими томактабӣ ва ҷорӣ намудани таълими фарогир фаъолият бурдем, — иброз дошт ӯ. — Дар доираи лоиҳа бо зиёда аз 2,5 ҳазор оила кор бурда, 115 нафар кӯдаки ба таълими махсус эҳтиёҷдоштаро ба таҳсил ҷалб намудем. Аксари онҳо минбаъд имкони таҳсил дар мактабҳои умумиро пайдо карданд. Мо дар давоми фаъолият мақсад кардем, ки на танҳо ба кӯдакон таълиму тарбия диҳем, балки онҳоро ба ҳаёти иҷтимоӣ омода созем ва волидонро низ дастгирӣ намоем. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли мамлакатамон бо нишони сарисинагӣ мукофотонида шуданам, бароям фаромӯшнопазир ва ид болои ид шуд. Ин қадршиносӣ барои ман ифтихор ва ҳамзамон масъулияти бузург аст. Кӯшиш мекунам дар оянда низ ба ин боварӣ муносиб бошам.
Эътирофи меҳнати шоиста
