Ovozi.uz

Вакилони ҷавони парламентҳо дар Самарқанд

Дар шаҳри Самарқанд Конференсияи XII умумиҷаҳонии вакилони ҷавони парламентҳои Иттиҳоди байнипарламентӣ идома дорад.

Дар анҷумани бонуфузи байналмилалӣ, ки таҳти мавзӯи «Дар роҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон, адолат ва эҳёи шаъну шарафи инсон дар даври мураккаб» баргузор мешавад, тақрибан 250 нафар иштирокчӣ — аъзои ҷавони парламентҳои қариб 60 кишвари ҷаҳон ва намояндагони 11 ташкилоти байналмилалӣ ширкат доранд.

Анҷуман ифодаи амалии ташаббусҳои муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба васеъ намудани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, пурзӯр кардани нақши онҳо дар фаъолияти парламентӣ, инчунин рушди мулоқот ва ҳамкории ҷаҳонӣ миёни намояндагони насли ҷавон мебошад.

Дар шароите ки имрӯз ҷаҳон ҷараёнҳои мураккаб ва пурзиддияти геополитикиро аз сар мегузаронад, масъалаҳои таъмини иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳои сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, мустаҳкам намудани тамоюлҳои шаъну шарафи инсон ва адолати иҷтимоӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтаанд.

Аз ин ҷиҳат, анҷумани мазкур бо он аҳамият дорад, ки садои насли ҷавонро ба мулоқоти байналмилалии парламентӣ ворид намуда, ташаббусҳои онҳоро барои ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад ва ба табодули таҷриба миёни аъзои ҷавони парламентҳо мусоидат менамояд.

Дар чорабинӣ табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба иштирокдорони анҷуманро Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева қироат намуда, таъкид кард, ки таваҷҷуҳи хос ба густариши иштироки ҷавонон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар Ӯзбекистон аз ҷониби аъзои парламентҳои хориҷӣ низ алоҳида эътироф мешавад. Аз ҷумла, дар Конститутсияи навшуда, Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ манфиатҳои ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудаанд.

Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нуриддинҷон Исмоилов низ оид ба аҳамияти таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷавонон сухан гуфт.

Тавре Президенти мамлакат таъкид кардааст, баландтарин сатҳи фароҳам овардани имконият ба ҷавонон — ин иштироки бевоситаи худи онҳо дар ҷараёни қабули қарорҳо мебошад. Бо ҳамин мақсад, дар фаъолияти парламент низ механизмҳои институтсионалии ҳамкорӣ бо ҷавонон ҷорӣ шудаанд.

Президенти Иттиҳоди байнипарламентӣ Тулия Эксон таъкид намуд, ки садои ҷавонон дар қабули қарорҳои муҳими байналмилалӣ рӯз то рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Махсусан, мулоқот, табодули таҷриба ва ҳамкории аъзои ҷавони парламентҳо аз кишварҳои гуногун метавонанд барои ташаккули равишҳои нав дар ҳалли муаммоҳои глобалии имрӯз мусоидат намояд.

Дар доираи Конференсияи ҷаҳонӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҳуқуқи инсон ва иштироки сиёсии ҷавонон, адолати иҷтимоӣ, бехатарии рақамӣ, таълим ва меҳнати муносиб, фаъолияти сиёсии занони ҷавон, инчунин нақши парламентҳо дар ҳалли муаммоҳои глобалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифанд.

Дар анҷоми чорабинӣ қабули ҳуҷҷати ниҳоии анҷумани ҷаҳонӣ, ки пешниҳод ва ташаббусҳои аъзои ҷавони парламентҳоро дар бар мегирад, дар назар аст.

ӮзА