Ovozi.uz

Мусобиқаҳои шоҳмот аз фардо ифтитоҳ меёбанд

Ҷараёни омодагӣ ба 46‑умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, Олимпиадаи III парашоҳмот ва Конгресси 97‑уми Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE), ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, бо суръати баланд идома дорад.
Ҳоло дар майдонҳое, ки мусобиқаҳо баргузор мешаванд, корҳои охирини омодагӣ анҷом дода мешаванд.
Кумитаи махсуси ташкилӣ, ки барои омодагии ҳамаҷониба ба олимпиада таъсис ёфтааст, дар ҳамкорӣ бо FIDE тамоми чорабиниҳои марбут ба Олимпиадаро тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ менамояд. Иншооти варзишии муайяншуда ба стандартҳои байналмилалии ташкилот мутобиқ гардонида шуда, иҷрои тамоми вазифаҳо дар ҷои худ мавриди омӯзиш ва назорат қарор гирифта, ҳамзамон бо масъулони мусобиқа ҳамоҳанг карда мешавад.
Аз ҷумла, ҷараёни омодагӣ дар макони баргузории Олимпиадаи парашоҳмот, ки қарор аст аз пагоҳ оғоз шавад, бо иштироки довари асосии мусобиқа, довари байналмилалии шоҳмот аз Сербия Небойша Баралич ва дигар масъулон назорат карда мешавад.
— Бовар дорам, ки Олимпиадаи навбатии шоҳмот, ки дар Самарқанд баргузор мешавад, мисли мусобиқаҳои қаблӣ дар сатҳи баланд мегузарад, — мегӯяд ӯ. — Масъулони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо FIDE тамоми масъалаҳои ташкилиро бо суръати баланд пеш мебаранд. Мо ҷойҳои баргузории мусобиқаро бевосита аз назар гузаронида, бори дигар ба ин бовар ҳосил кардем. Таваҷҷуҳ ба рушди шоҳмот дар Ӯзбекистон барои баргузории чунин мусобиқаи байналмилалии сатҳи баланд замина фароҳам овардааст. Фикр мекунам, иштироки дастаи мизбон низ бомуваффақият хоҳад буд.
Тибқи тақвими FIDE, аз пагоҳ, яъне 10‑уми сентябр мусобиқаҳои парашоҳмот оғоз гардида, ҳамин рӯз маросими ифтитоҳ баргузор мешавад. Бозиҳо аз 11‑уми сентябр оғоз хоҳанд шуд.
Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот бошад, рӯзи 15‑уми сентябр дар Майдони Регистон баргузор шуда, мусобиқаҳо аз 16‑уми сентябр оғоз мешаванд. Ҳамчунин, дар доираи олимпиада баргузории Конгресси FIDE ва интихоботи президенти ташкилот дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар Олимпиада дастаҳои мунтахаби қариб 200 кишвари ҷаҳон иштирок кунанд. Ӯзбекистон ҳамчун кишвари мизбон, тибқи низомнома дар мусобиқаҳои байни мардон ва занон бо 3 даста ширкат хоҳад кард.


ӮзА