Ovozi.uz

Тақдимоти китоби “Гулчини шеъри шоирони ӯзбек” гузаронида шуд

Имрӯз дар китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилоят тақдимоти китоби “Гулчини шеъри шоирони ӯзбек”, ки дар Тоҷикистон интишор шудааст, баргузор гардид.

Дар ин маҳфили фарҳангӣ намояндагони илму адаб, зиёиён ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуда, аз намунаҳои беҳтарини эҷодиёти шоирони ӯзбек баҳра бурданд.

Нахуст, сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои “Зарафшон” ва “Самарканский вестник” Фармон Тошев суханронӣ намуда, таъкид кард, ки шеърҳои ӯзбекие, ки дар китоб ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, хеле саҳеҳу равон мебошанд.

— Хусусан, шеърҳои худам низ дар китоби мазкур ҷой гирифтаанд, ки ин эътибор маро хеле хушнуд намуд, — гуфт ӯ. — Ҳатто, баъзе тарҷумаҳои шеърҳои ман аз асли шеър ҳам зеботар сурат гирифтаанд. Адабиёти ӯзбеку тоҷик хеле ба ҳам наздиканд ва халқҳои моро доимо ба ҳам мепайванданд. Бигзор ин риштаи адабӣ абадӣ бод.

Дар идомаи чорабинӣ шоирон ва ҳаводорони шеър аз эҷодиёти худ намунаҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида карданд.

Яке аз мураттибони асосии китоб Ҳасан Ғоиб низ иштирок дошт ва оиди китоб фикрҳои худро баён кард.

— Халқҳои ӯзбеку тоқик аз азал бо ҳамдигар дӯсту наздиканд. Дар соҳаи адабиёт ва фарҳанг низ робитаи мустаҳкам доранд. Агар Ҷомиву Навоӣ қасре обод карда бошанд, бояд мо ба он дару тиреза монда онро обод кунем, — иброз дошт ӯ.

Чорабинӣ бо шеърхониҳо идома ёфт.

Зафар АМОНОВ