Ovozi.uz

Mиқдори алимент аз рӯи эҳтиёҷоти кӯдак муайян карда шавад

Дар Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, ки тартиби ҳисоб кардани миқдори алимент тағйир дода шавад. Дар ин бора ҷонишини Сарвазир — раиси Кумитаи оила ва занон Дилноза Каттахонова дар ҷамъомади умумии 19-уми Сенат маълум кард.

Ӯ таъкид кард, ки дар баъзе нафарон барои кам кардани миқдори алимент даромади воқеии худро пинҳон карда, худро дар ҷойи кори каммаош ба таври расмӣ ба қайд мегиранд.

Аз ин сабаб пешниҳод шуд, ки барои ҳар як гурӯҳи синну соли кӯдак сабади ҳадди ақали истеъмолӣ муайян карда шуда, алимент на аз рӯи маоши расмии падар ё модар, балки бо назардошти эҳтиёҷоти кӯдак ҳисоб карда шавад.

Инчунин пешниҳод гардид, ки баъзеҷараёнҳои вобаста ба ситонидани алимент бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ зина ба зина ба бахши хусусӣ гузаронида шаванд.

Ҳоло ин пешниҳодҳо барои ворид намудани онҳо ба қонунгузорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доранд.