Самарқанди бостонӣ ва ҳамешаҷавон боз дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳон қарор дорад. Дар ин маркази илму фарҳанг Олимпиадаи 46‑уми ҷаҳонии шоҳмот оғоз гардид.
Дар олимпиадаи имсола, ки дар ҳар ду сол як маротиба бо иштироки шоҳмотбозони қариб ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон баргузор мешавад, 397 даста барои иштирок ариза пешниҳод кардаанд.
Ин нишондиҳанда рекорди олимпиадаи соли 2024 дар Будапештро нав кард. Дар Олимпиадаи 45‑уми ҷаҳонии шоҳмот, ки ду сол пеш дар Маҷористон (Венгрия) баргузор шуд, 380 даста иштирок карда буд. Ин дафъа дар Самарқанд 207 дастаи мардона ва 190 дастаи занона маҳорати худро намоиш медиҳанд. Мусобиқаҳо аз 16 то 27‑уми сентябр дар 11 даври классикӣ баргузор мегарданд.
14‑уми сентябр дар Ҳиндустон қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Вишванатан Ананд машъали Олимпиадаи 46‑уми ҷаҳонии шоҳмотро ба ҳамватани мо, ғолиби Ҷоми ҷаҳон ва Мусобиқаи довталабон, довталаби тоҷи ҷаҳонӣ Ҷавоҳир Синдоров супурда буд.
Ӯ рӯзи 15‑уми сентябр ба Самарқанд омад ва аз ҷониби масъулони Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилоят истиқбол гирифта шуд.
Ҳамчунин, иштирокдорони олимпиада, доварон, мураббиён, роҳбарияти FIDE ва намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ба Самарқанд омада, дар меҳмонхонаҳои барои онҳо ҷудошуда ҷойгир шуданд. Онҳо дар давоми ду ҳафта шоҳиди ҷашни шоҳмоти ҷаҳонӣ хоҳанд буд.
15‑уми сентябр дар Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи президенти FIDE Вишванатан Ананд ва ҷонишини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Бегоҳии ҳамон рӯз дар амфитеатри маркази «Шаҳри абадӣ» маросими тантанавии ифтитоҳи Олимпиадаи 46‑уми ҷаҳонии шоҳмот баргузор шуд. Пас аз он, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Абдулло Арипов табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокдорони олимпиада қироат кард.
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи президенти FIDE, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон оид ба шоҳмот Вишванатан Ананд андешаҳои худро оид ба мусобиқа баён намуд. Суруди Федератсияи байналмилалии шоҳмот садо дод ва маросими қуръакашӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони санъати ӯзбек ва сарояндагони ҷавон намоиш дода шуд.
Дар асл, ҷашни шоҳмот дар Самарқанд чанд рӯз пеш, аниқтараш аз 10‑уми сентябр, бо баргузории Паралимпиадаи 3‑юми шоҳмоти FIDE миёни шоҳмотбозони дорои имкониятҳои маҳдуд оғоз ёфта буд.
Дар он 41 дастаи иборат аз варзишгарони дорои маҳдудияти биноӣ, шунавоӣ ва имкониятҳои ҷисмонӣ иштирок карданд. Ин ҳам нишондиҳандаи рекордӣ буда, шумораи дастаҳои иштирокдор аз ду паралимпиадаи қаблӣ зиёд аст.
Баргузории ду олимпиада дар як формат, ҳамзамон ва дар як макон низ дар таърихи мусобиқаҳои бонуфузи шоҳмоти FIDE навоварӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи чорабиниҳо дар Самарқанд Конгресс ва интихоботи FIDE баргузор мешаванд. Дар онҳо ҷомеаи байналмилалии шоҳмот самтҳои рушди минбаъдаи ин навъи варзишро баррасӣ хоҳад кард.
Фазлиддин РӮЗИБОЕВ
