Дар толори консертии «Мароқанд»-и шаҳри Самарқанд маросими ҷамъбасти II Олимпиадаи байналмилалии физика ба номи Аҳмад ал-Фарғонӣ ва мукофотонидани ғолибони он баргузор гардид. Ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ҷавонони боистеъдоди кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ба ҳам оварда, ба таҳкими дӯстӣ, рушди илму дониш ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат намуд. Дар маросими тантанавӣ ҷонишини вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Каримов ва ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев суханронӣ карданд. Онҳо иштирокчиёни олимпиадаро барои натиҷаҳои бадастовардаашон табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таълимӣ ва илмии онҳо комёбиҳо орзу намуданд. Дар қисми тантанавии чорабинӣ ба ғолибони олимпиада медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ тақдим гардиданд. Ҳамзамон, ташкилкунандагон, аъзои ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни фаъол бо нишонҳои махсус ва сипосномаҳои кумитаи ташкилии олимпиада қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар олимпиада намояндагони 15 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, шумораи ҷавонони хориҷӣ қариб 200 нафар ва шумораи хонандагони Ӯзбекистон қариб 100 нафарро ташкил дод.
