21‑уми октябр — Рӯзи иди забони ӯзбекӣ
Дар ҷараёни рушди Ӯзбекистони Нав мустаҳкам намудани мақоми забони ӯзбекӣ, пеш аз ҳама, маънои ҳамчун забони таълим, илм, технологияҳои муосир ва муоширати байналмилалӣ васеъ намудани имкониятҳои онро дорад.
Махсусан, таҳияи маводи илмии асоснок, ҷолиб ва мутобиқ ба синну сол барои кӯдаконе, ки забони ӯзбекиро на ҳамчун забони модарӣ, балки ҳамчун забони дуюм ё хориҷӣ меомӯзанд, аз вазифаҳои мубрами имрӯз аст. Зеро таассуроти нахустини кӯдак аз забон муносибати минбаъдаи ӯро ба он муайян мекунад.
Барои кӯдаки аз се то даҳсола забон маҷмӯи қоидаҳо нест. Забон барои ӯ қаҳрамони тасвир, ибораи шӯхиомези такроршаванда, суруд, ҳаракат, саволу ҷавоб, супориши хурде, ки ҳамроҳи оила иҷро мешавад ва мулоқот дар ҷараёни бозӣ аст. Аз ин рӯ, маводи муосире, ки барои омӯзиши забони ӯзбекӣ ба кӯдакон таҳия мешавад, бояд қиссаи кӯтоҳ, воситаҳои аёнӣ, воҳидҳои такроршавандаи забонӣ, бозиву ҳаракат, образҳои миллӣ, иштироки оила ва натиҷаи мушаххаси мушоҳидашавандаро дар бар гирад.
Масалан, муҳим он нест, ки кӯдак пас аз хондани китоб чанд калимаро аз ёд бигӯяд. Муҳим он аст, ки ӯ салом дода тавонад, худро муаррифӣ кунад, дар бораи ранг ё ашёе савол диҳад, ба саволи одӣ ҷавоб гардонад ва ҳангоми бозӣ бо ҳамсолонаш аз забони ӯзбекӣ истифода барад. Дар ин сурат забон танҳо дар саҳифаҳои китоби дарсӣ намемонад, балки ба ҷузъи фаъолияти ҳаррӯза табдил меёбад. Натиҷаи таълим низ бояд на аз рӯйи қайди «мавзӯъро гузашт», балки бар асоси меъёри мушаххаси «кӯдак чиро фаҳмид ва мустақилона чӣ кор карда тавонист?» баҳогузорӣ шавад.
Ин равиш хусусиятҳои зинаҳои ISCED 0 ва ISCED 1 — таълими томактабӣ ва ибтидоиро, ки дар таснифоти байналмилалии таълим муайян шудаанд, ба назар мегирад. Ҳамзамон, он мутобиқсозии зинаҳои Pre-A1 ва A1‑и меъёрҳои CEFR-ро, ки сатҳи донистани забонро муайян мекунанд, ба синну соли кӯдакон, хусусиятҳои забони ӯзбекӣ ва муҳити фарҳангии маҳаллӣ мувофиқат менамояд. Меъёрҳои байналмилалиро набояд ҳамчун қолаби тайёр нусхабардорӣ кард: зарур аст, ки мазмуни онҳоро аз нигоҳи илмӣ ба талаботи низоми миллии таълим мутобиқ созем.
Ҳангоми омӯзиши забони ӯзбекӣ дар муҳити бисёрзабона набояд забоне, ки кӯдак дар хона бо он суҳбат мекунад ва таҷрибаи фарҳангии ӯ сарфи назар карда шавад. Агар кӯдаке эҳсос кунад, ки ӯро қадр мекунанд, аз хато кардан дар забони нав наметарсад, фаъолтар ба суҳбат мепайвандад ва ба фарҳанги дигар бо шавқу рағбат менигарад.
Аз ин рӯ, образҳои миллӣ дар китобҳои кӯдакона низ бояд на танҳо вазифаи ороишӣ, балки нақши муоширатиро иҷро кунанд. Қиссаҳое, ки ба маҳалла, оила, меҳмоннавозӣ, табиат, таомҳои миллӣ, ҳунармандӣ, идҳо ва одоби рӯзмарра алоқаманданд, ба кӯдакони хориҷӣ барои шинохтани Ӯзбекистон ёрӣ мекунанд.
Аммо ин образҳо бояд на ба таври сунъӣ ва пандомез, балки тавассути воқеаҳои табиӣ ва қаҳрамонҳои ҷолибу мувофиқ ба синну соли кӯдак пешниҳод шаванд. Муҳаббат ба забон аксар вақт аз дилбастагӣ ба қаҳрамон оғоз меёбад.
Имрӯз барои кӯдакон танҳо таҳия кардани китоби зебо басанда нест. Оё матни он ба синну соли кӯдак мувофиқ аст? Расмҳо барои фаҳмидани мазмун кумак мекунанд? Такрори калимаю ибораҳо ба беҳтар аз ёд кардани онҳо мусоидат менамояд? Оё бозӣ кӯдакро ба мустақилона сухан гуфтан ташвиқ мекунад? Ҳамаи ин масъалаҳо бояд дар ҷараёни озмоишу санҷиш баҳогузорӣ шаванд. Танҳо дар ин сурат муаллифи эҷодкор метавонад ба муҳаққиқи соҳа ва баъдан ба коршиносе табдил ёбад, ки андешааш ҳам дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф мешавад.
Барои ин, пеш аз ҳама, китобҳо бояд аз санҷиши илмӣ-методӣ гузаронида шаванд. Сипас, зарур аст, ки барои кӯдакон меъёрҳои хурду содаи «метавонад иҷро кунад» таҳия гардида, дар гурӯҳҳои хурд озмоишҳо ташкил карда ва дар асоси натиҷаҳо маводҳо бояд такмил дода шаванд. Агар мушоҳидаҳо, намунаҳои аудиоӣ ё видеоии нутқи кӯдакон, рӯзномаи омӯзгор, андешаҳои волидон ва супоришҳои пеш аз озмоишу пас аз он дар маҷмуъ таҳлил шаванд, таъсири воқеии китоб равшан мегардад.
Ҳар гуна натиҷаи мусбатро набояд аз ҳад зиёд нишон дод. Аз кӯшишҳои номуваффақ низ бояд хулоса баровард.
Кӯдаки имрӯз танҳо бо саҳифаҳои чопии китоб маҳдуд намешавад. Маводи аудиоӣ, захираҳои рақамии тавассути QR-ресурс, аниматсияҳои сода ва бозиҳои интерактивии ба китоб пайвастшуда имконият медиҳанд, ки кӯдак талаффузро шунавад, қиссаро борҳо тамошо кунад ва ҳамроҳи оила машқ намояд. Аммо технология набояд мазмуни китобро ба канор гузорад.
Баланд бардоштани шавқу рағбати кӯдак ба забон танҳо ба муаллиф ё омӯзгор вобаста нест. Машғулияти даҳдақиқаинаи ҳаррӯзаи оилавӣ — якҷоя тамошо кардани расмҳо, иҷро кардани нақши қаҳрамонҳо ва истифодаи ибораи нав дар вазъияти рӯзмарра ба пойдории донишҳои азхудшуда мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки ба ҳар китоби кӯдакона барои волидон ва омӯзгорон дастури кӯтоҳу равшан низ илова карда шавад.
Роҳбари илмӣ, мутахассисони соҳаи таълими томактабӣ ва ибтидоӣ, коршиноси CEFR, равоншинос, рассом, муҳаррир, тарроҳи рақамӣ, муассисаи таълимӣ, нашриёт ва сарпарастон бояд дар атрофи як мақсад ҳамкорӣ намоянд. Кӯдаки хориҷие, ки забони ӯзбекиро меомӯзад, тавассути китоб на танҳо калимаҳоро, балки фарҳанги мулоқот ва ҷаҳонбинии мардуми ин кишварро низ кашф мекунад. Аз ин ҷиҳат, ҳар китоби кӯдакона сафири хурд, вале таъсирбахши фарҳанги кишвари мост. Мақоми фардои забон аз сифати китобе низ вобаста аст, ки имрӯз ба дасти кӯдак медиҳем.
Саида РАШИДОВА, муаллифи китобҳои кӯдакона
