Имрӯз дар мактаби рақами 41-и ноҳияи Самарқанд вохӯрии кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд” бо хонандагон ва аҳли маҳаллаи Талибарзуи Поёни ноҳияи Самарқанд баргузор гардид.
Хонадагони синфҳои 8-9-10-и мактаб меҳмононро бо суханони самимӣ хайра мақдам гуфта, шеърҳо хонданд. Дар таҳияи ин барномаи адабиву бадеии хонандагон муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаб Гулчеҳра Маъруфова саҳм гузошт.
Сипас, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Санъат Баҳромов меҳмононро ба аҳли толор шинос карда, дар бораи аҳамияти ҳаёти осоишта, ҳукмфармои сулҳу амонӣ дар мамлакатамон ва корҳои ободониву бунёдкории маҳалла сухан ронд. Ӯ дар ҳаёти ҷоме аҳамияти калон доштани чунин чорабиниҳои маданиву маърифатиро махсус қайд кард.
Ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Тошқул Азимзода, мухбири рӯзнома, ҷоизадори озмуни республикавии “Қалами тиллоӣ” Дилафрӯз Облоқулова оиди фаъолияти рӯзнома ва рӯзноманигорон, аҳамияти матбуот дар ҳаёти ҷомеа суханронӣ намуда, дар бораи шабакаҳои иҷтимоии рӯзнома маълумот доданд. Адиби ҳаҷнигор Бахтиёри Ҷумъа ҳикоя ва шоир Ҳасан Сулаймонӣ шеърҳои нави худро ба диққати ҷамъомадагон пешниҳод карданд.
Намояндаҳои маҳалла Фармон Рауфов ҳангоми суханронӣ хонандагони мактабро ба илму донишомӯзӣ даъват карда бошад, сокини ҳамин маҳалла, муаллифи барномаи “Фурқат-ханда” Фурқат Ҳалимов якчанд саҳначаҳои ҳаҷвомезро намоиш дод.
Дар охир директори мактаб Азим Нуриддинов барои ташкили чунин вохӯрии пурмазмун ба кормандони идораи рӯзномаи “Овози Самарқанд арзи миннатдорӣ баён намуд.
Рӯзноманигорон дар маҳаллаи Талибарзуи Поён
