Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон шомил гардида, дар он мақоми 40-умро касб намуд. Дар ин бора дар нашри соли 2027-уми рейтинги The Muslim 500, ки Маркази шоҳии таҳқиқоти стратегии исломии шаҳри Аммон нашр кардааст, хабар дода мешавад.
Муаллифони рейтинг ба ислоҳоти сиёсиву иқтисодие, ки таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Аз ҷумла, дар нашр фаъолияти Шавкат Мирзиёев дар самти беҳтар намудани муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, густариши робитаҳои тиҷоратии минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳо баланд арзёбӣ гардидааст.
Дар раддабандӣ чунин гуфта шудааст: «Ӯ муносибатҳои Ӯзбекистонро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба куллӣ тағйир дода, робитаҳоро барқарор ва тиҷорати минтақавию ҳамкориҳоро тақвият бахшид. Сиёсати хориҷии боз ҳам ошкоро боис гардид, ки мавқеи Ӯзбекистон ҳамчун шарики дипломатӣ ва иқтисодӣ боло равад».
Инчунин, муаллифони раддабандӣ саҳми Шавкат Мирзиёевро дар ҳифзи мероси фарҳангии исломӣ, дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва рушди илму фан эътироф кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки раддабандии The Muslim 500 аз соли 2009 инҷониб ҳамасола нашр мешавад. Дар он 500 нафар аз мусулмонони бонуфузи ҷаҳон, ки дар соҳаҳои сиёсат, илму фан, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳо фаъолият доранд, муаррифӣ мешаванд.
Шавкат Мирзиёев ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон дохил гардид
