Ovozi.uz

Имкониятҳое, ки зиндагиро тағйир медиҳанд

Оила асоси ҷомеа буда, зан яке аз қувваҳои муҳими пешрафти он мебошад. Аз ин рӯ, дар мамлакатамон ба мустаҳкамии оила ва хушбахтии бонувон эътибори алоҳида нигаронида мешаванд. Дастгирии занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии хуб, таъмини шуғл ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти Садорати оила ва занону духтарони вилоят ба шумор меравад.

Имрӯз аҳолии вилоят 4 миллиону 202 ҳазору 722 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2 миллиону 73 ҳазору 718 нафар бонувон мебошанд, ки ба 49, 3 дарсади аҳолӣ баробар аст. Дар вилоят 865 ҳазору 375 хонавода ва 1 миллиону 82 ҳазору 846 оила мавҷуд аст.

Яке аз воситаҳои муҳими муайян кардани муаммои занон ва расонидани кумаки иҷтимоӣ таъсиси «Дафтари занон» мебошад. Аз оғози соли равон дар вилоят 105 ҳазор нафар зан ба ин дафтар сабти ном шуда, то 30 сентябри ҳамин сол муаммоҳои 103 ҳазору 485 нафари онҳо ҳал карда шуданд. Дар байни масъалаҳои ҳалталаб таъмини шуғл, дастгирии моддӣ, фароҳам овардани имконият барои омӯзиши касб ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷойи муҳим доранд. Аз ҷумла, аз 34 ҳазору 888 нафар зани бекор, 34 ҳазору 11 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Ин нишон медиҳад, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии занон танҳо расонидани кумаки якдафъаина кофӣ нест. Муҳим он аст, ки зан имкони ба даст овардани даромади доимӣ, азхуд кардани касб ва мустақилона пеш бурдани фаъолияти иқтисодиро дошта бошад. Барои ин, амалӣ шудани барномаи «Ҳамроҳ аёл» мувофиқи мақсад гардид. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба 183 нафар зан кредитҳои имтиёзнок ба маблағи умумии 18 миллиарду 994 миллион сӯм дода шудааст. Ғайр аз ин, дар доираи барномаи «Маҳаллаи даромаднок» 162 лоиҳа ба амал татбиқ шуда, барои 3 ҳазору 908 нафар зан имконияти фаъолияти даромадовар дод.

Таъмини шуғли занон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамин давраи гузаштаи соли равон бо ҷойи кор таъмин кардани 89 ҳазору 741 нафар зан ба нақша гирифта шуда, шуғли 75 ҳазору 488 нафари онҳо, яъне 84,1 фоиз таъмин гардид. Илова бар ин, 31 ҳазору 166 нафар зан ба касбу ҳунар, соҳибкорӣ ва саводнокии молиявӣ омӯзонида шуд. Бо ин мақсад дар 47 маҳаллаи вилоят марказҳои «Таъмини шуғл ва мустаҳкам кардани саломатии занон» ба фаъолият оғоз кард. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ургут шаш корхонаи дӯзандагӣ ва ҳунармандии хонагӣ таъсис ёфта, 30 нафар бонувоне, ки дар «Дафтари занон» сабти ном шудаанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳоло биноҳои холии маҳаллаҳои наздисарҳадӣ омӯхта шуда, аз рӯи ба марказҳои соҳибкорӣ табдил додани он нақша месозем.

Бонувоне, ки қаблан бекор буданд, касбу ҳунар омӯхта, ҳоло бо меҳнати худ ба даст даромад ва ба буҷҷети оилаашон фоида меоранд. Хурсандиовар аст, ки дар байни бонувон рӯҳи соҳибкорӣ ва ташаббускорӣ ташаккул меёбад.

Мустаҳкам намудани оилаҳо ва пешгирии ҷудошавии зану шавҳар аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мебошад. Дар давоми моҳҳои гузаштаи соли равон дар вилоят 3 ҳазору 829 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 564-торо ташкил медод. Албатта, ин яке аз муаммоҳои ҳалталаб аст. Лекин масъала танҳо бо пешгирии ҷудошавӣ ҳал намешавад. Баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ, тарбияи фарзандон дар муҳити солим, эҳтироми якдигар ва масъулиятшиносӣ низ муҳим аст. Бинобар ин, мо кӯшиш мекунем, ки дар маҳаллаҳо вохӯриҳо ташкил намуда, аҳамияти оила ва нақши занро дар мустаҳкамии он фаҳмонем, корҳои тарғиботиро бештар кунем. Дар ин бора, дар шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявӣ марказҳои хонишӣ ташкил карда шуда, дар маҳаллаҳо занҳои оқила фаъолият мебаранд.

Дар вилоят бо мақсади пешгирии никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар маҳаллаҳо 2 ҳазору 376 маротиба ва дар муассисаҳои таълимӣ 1 ҳазору 275 маротиба семинару тренингҳо дар мавзӯи «Таваллуди бармаҳал, никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои манфии он» гузаронида, 1 ҳазору 041 суҳбату вохӯриҳои мизи мудаввар ташкил карда шуданд. Ғайр аз ин, Институти таҳқиқоти илмии оила ва гендер дар доираи лоиҳаи «Волидайни масъулиятнок» дастурҳои методӣ оид ба омодагӣ ба волидайнӣ, малакаҳои педагогию психологӣ, саводнокии иқтисодӣ, саломатии репродуктивӣ ва муҳити маънавию ахлоқии оила таҳия намуд. Инчунин, 8 видеодарс, 4 ролики иҷтимоӣ ва 12 маводи таблиғотӣ омода ва дар маҳаллаҳо паҳн карда шуданд, ки ба баланд бардоштани масъулияти падару модарон ва пешгирии никоҳи бармаҳалу маҷбурӣ равона гардидаанд.

Дар доираи лоиҳаи «Волидони масъулиятшинос» гурӯҳи иборат аз 54 тарғиботчӣ ва мураббӣ таъсис ёфта, бо иштироки онҳо дар қариб 500 маҳалла ва 22 идораю ташкилот семинарҳо гузаронида шуданд, ки беш аз 10 ҳазор нафар аҳолиро фаро гирифтанд.

Инчунин, оид ба мавзӯъҳои саломатии репродуктивии духтарони наврас, оқибатҳои манфии никоҳи бармаҳал, пешгирии хонадоршавӣ бо хешовандони наздик, гигиенаи духтарон ва зарари нашъамандӣ чорабиниҳои маърифатӣ ташкил гардиданд.

Мегӯянд, ки «Варзиш — сарчашмаи нафосат ва саломатӣ» аст. Аз 9 то 21‑уми феврали соли ҷорӣ миёни занону духтарон мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои тенниси рӯйимизӣ, шоҳмот, шашка ва волейбол баргузор шуда, ки дар зинаи вилоятӣ 64 ҷамоа иштирок карданд. Ҳамчунин, дар моҳҳои май–июн дар доираи чорабиниҳои «Олимпиадаи варзишии занони Ӯзбекистони Нав» беш аз 30 ҳазор занону духтарон дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзиданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқаҳо 12 варзишгарзан ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, дар он Машҳура Худойбердиева аз ноҳияи Нуробод дар шашка ҷойи дуюм ва Муҳайё Ибратова аз ноҳияи Қӯшработ дар шоҳмот ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Натиҷаҳои нуҳ моҳи соли равон нишон медиҳанд, ки масъалаҳои дастгирии иҷтимоӣ, таъмини шуғл, рушди соҳибкорӣ, таҳкими оила, ҳифзи саломатӣ ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ бо ҳам алоқаманд аст. Дастгирии онҳо бошад сармоягузорӣ ба ояндаи оила ва ҷамъият мебошад.

Зебо САИДОВА,
ҷонишини ҳокими вилоят, раиси Садорати оила ва занону духтарони вилоят