Ovozi.uz

Суханҳои ширини кӯдакӣ аз ёд нараванд…

Солҳо мегузаранд, кӯдаки дирӯза худ падар ё модар мешавад, вале лаҳзаҳои нотакрор, аввалин суханҳои ширини даврони кӯдакӣ, бӯи домони модар ва гармии оғӯши бибӣ ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Гоҳе бо шунидани як калима дари хотираҳо кушода мешавад ва табассуми кӯдак, навозиши модар, аллаи бибӣ ва рӯзҳои пурмеҳри гузашта аз нав пеши назар зинда мегарданд…

Мехоҳам орзуи деринаам — нашри луғат-­китоби «Инға-инғаи ни-ниҳо»-ро амалӣ намоям. То имрӯз 72 калимаву ибора ва панҷ бозӣ ҷамъ овардаам. Мехоҳам ҳар калимаву ибораро бо шарҳи сода, ҳикояча, мисраҳои шеърӣ ва тасвири зебо ба хонандагон пешкаш кунам. Боз бозиҳое, ки калонсолон метавонанд онҳоро бо кӯдакон иҷро кунанд.

Дар зер чанде аз калимаву ибораҳоро ҳамчун мисол меорам. Масалан, «авва» — бӯсидан; «ачош» — ба оғӯш гирифтан; «оббо» — ба даст гирифта бардоштани тифл; «аба» — об; «ма-ма» — хӯроки тифл; «на-на» — нон; «ҷиш» — гӯшт; «ҳабо» — ширинӣ барои тифл; «ам кадан» — хӯрдан; «бақ» — хӯроки бад ва ғайра.

Соли аввали зиндагии кӯдак як ҷаҳон шодиву ҳайрат барои аҳли хонадон аст! Тифле, ки то дирӯз танҳо дар оғӯш ором мегирифт, оҳиста-­оҳиста ба рӯятон табассум мекунад, «ағу-буғу» мегӯяд, дастонашро сӯятон дароз мекунад…

Ҳар ҳунараш дар хона эълон мешавад: Хандид! Сарашро рост гирифт! Рост истод! Худаш шишт! Роҳ гашт!

Кӯдак ба рӯйи наздикон нигоҳ карда, табассуми беғаш менамояд — гӯё тамоми хонаро равшан мекунад. «Ағу-буғу» мегӯяд. Калонсолон ҳам ба забони худаш ҷавоб медиҳанду суҳбати ширине оғоз мешавад.

Чеҳраву овози наздикон, хусусан модарҷонашро мешиносад. Ӯро дида, шод мешавад. Бо овоз механдад — ончунон самимӣ, ки ҳама мехоҳанд боз бихандонандаш! Ба бозича даст дароз мекунад, онро медорад, баъдтар аз як даст ба дасти дигар мегузаронад. Чаппаву роста мешавад: аз пушт ба шикам ва баъд баръакс мегардад. Акнун як ҷо хобиданаш душвор!

Номашро шунида, рӯ мегардонад. Наздикон хурсанд мешаванд: «Номаша мефаҳмидагӣ шуд!»

Аввал бо такя ва баъд худаш мешинад. Аз ин ҳолат дунё пеши назараш дигар хел менамояд!

«Ба-ба», «ма-ма», «да-да» мегӯяд. Аҳли хонадон бо шавқ гӯш мекунанд: «Аввал номи киро мегирифта бошад?»

Аз канори кат ё дигар такягоҳ дошта мехезад. Ба қавли худамон, «тотой» меистад. Баъд, чизеро дошта, қадам монданро машқ мекунад.

Дӯстони азиз, ин ҳаракатҳои кӯдакро дар хонаводаи шумо чӣ мегӯянд? Калонсолон бо кадом суханҳои содаю ширин кӯдакро ба нишастану хестану қадам мондан ташвиқ мекунанд? Биёед, гуфтаҳои ширини модарону бибиҳоро якҷоя ба ёд орем! Шояд як калимаи навиштаи шумо дар дили касе садои модар, табассуми бибӣ ё хотираи фаромӯшшудаи кӯдакиро зинда кунад…

Муқимҷон ОРИФӢ