Дар арафаи соли нав ҳодисае, ки дар таърихи мамлакатамон саҳифаи дурахшон мекушояд — шаш стансияи калони офтобӣ ва бодии қувваи умумиаш 2400 мегаватт ба шабака пайваст гардиданд. Ширкати «Масдар»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Сурхондарё зинаи аввали стансияи барқии офтобиро барпо кард.
Дар ҳамкорӣ бо ширкати «Масдар», ки дар беш аз 40 давлати дунё стансияҳои калони электрии офтобӣ ва бодӣ сохтааст, дар ноҳияи Каттақӯрғон лоиҳаи бузурге амалӣ гардид. Дар 438 гектар майдони то имрӯз истифода нашуда стансияи калони фотоэлектрии офтобӣ ба кор даромад.
Стансияи мазкур бар асоси қарори Президентамон аз 14‑уми январи соли 2022 «Дар бораи чораҳои ташкили сохтмони стансияи фотоэлектрии қуввааш 220 МВм дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд» бунёд карда шуд.
Арзиши он ба 150 миллион доллари ИМА баробар аст. Дар ин ҷо 452 панелҳои офтобӣ гузоштанд.
— Агар ин стансия пурра ба кор дарояд, он ҳар сол 500 миллион кВт соат қувваи электр истеҳсол мекунад, — гуфт Ҷалол Рӯзимуродов, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов. — Чунин миқдори қувваи барқ ба ҳаҷми қувваи барқе, ки беш аз 208 ҳазор хонадони вилоят дар як сол истеъмол мекунад, баробар аст.
Дар натиҷаи оғози фаъолияти стансияи электрии Каттақӯрғон дар як сол 152 миллион метри мукааб газ сарфа карда мешавад. Зиёда аз ин, ба атмосфера паҳн шудани 200 ҳазор тонна газҳои зарарнокро пешгирӣ мекунанд. Миқдори гази сарфашуда ба истеъмоли солонаи гази беш аз 63 ҳазор хонадон баробар мебошад.
Паҳлӯи дигари аҳамияти сохтмони стансия ҳамин, ки агар дар сохтмони стансия 700 нафар коргар меҳнат карда бошад, лоиҳа ба қувваи том ба кор дарояд, боз 30 ҷои иловагии корӣ фароҳам меояд.
Лоиҳаҳои мазкур бар асоси шарикии давлат — хусусӣ, аз ҳисоби сармоягузории бевоситаи хориҷӣ амалӣ гардид.
Д.ТӮХТАЕВ
