Ovozi.uz

Шодӣ аз дидори рӯи дӯстон…

Соли 1969 уми асри ХХ 37 нафар хатмкунандагони мактабҳои вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Сирдарё, Сурхондарё, Фарғона ва дигари Ҷумҳурии Ӯзбекистон имтиҳонҳои қабулро бомуваффақият супурда, донишҷӯи Донишкадаи педагогии ба номи Садриддин Айнии Самарқанд ва аз ҳамон сол онҳо ба таҳсил шурӯъ намуда, бо якдигар шинос шудем. Дар мавсими ҷамъоварии пахта, дар ҳайати отряди донишҷӯёни бинокор якҷоя меҳнат кардем. Дар ҷараёни ин корҳо бо ҳамдигар унс гирифта, риштаҳои дӯстӣ бастем. Баъди хатми донишкада аз паи кору зиндагии худ шудем, вале рафоқати байни мо чунон мустаҳкам будааст, ки имсол баъди 55 соли хатми донишкада дидори дӯстон моро боз дар хонаи камина, ки дар деҳаи Оқмасҷид зиндагӣ мекунам, гирд овард.
Дар оғози вохӯрӣ Тоҳирҷон Зокиров як-як ҳамкурсон ва устодони аз олам гузаштаро ба хотир оварда, аз сураҳои Каломи Шариф қироат ва дар ҳаққи онҳо дуо кард. Сипас, Амриллоҳ Авезови бухорӣ хотираҳои даври донишҷӯии худро ҳикоя кард:
— Ҳамкурсони азиз, ёд доред, баъде ки мо дӯст шудем, бештар дар хонадони рафиқамон Аброр Аҳроров (илоҳо Парвардигор ӯро ба раҳмати худ гирифта бошад), ҷамъ мешудем. Сӯҳбатҳои мо дар атрофи адабиёт соатҳо тӯл мекашид. Гоҳо Аброр Аҳроров ва Аваз Нарзиқулови сӯхӣ шоҳмотбозӣ мекарданд. Бозӣ то як поси шаб идома меёфт.
Ҳамин тавр, сӯҳбати гуворои ҳамкурсон давом дошт. Онҳо даври тиллоии худро, ҳазлу шӯхиҳои беғаразона, воқеаҳои шавқовари ҳаёти донишҷӯиро ба хотир оварда, завқ мекарданд. Идомаи хушҳоливу хандаҳои базавқ ду суруде шуд, ки ҳофизи хушхони самарқандӣ Юнусҷон онҳоро бо завқ иҷро карда, ҳозиринро бо ин дидорбинӣ дӯстона муборакбод намуд.
Ҷалол Отақулов, ки ба вохӯрӣ аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё омада буд, аввало ба камина ташаккури бисёр гуфт, ки ҳар сол ҳамкурсонро рӯзи 5 уми май ба хонаам даъват мекунам. Имсол низ нишасти дӯстон хотирмон ва бо завқу шавқ баргузор мегардад.
Иштироки мо дар ҷамъоварии ҳосили пахта хеле хотирмон мегузашт. То ҳол шеърхонӣ, байтбарак ва рақсу сурудҳо аз хотирам фаромӯш нашудаанд.
Холида Муҳаммадқулова устодон Самариддин Аслиддинов, Абдумӯъмин Фаттоев, Шавкат Шукуров, Лӯъбат Назарова, Амон Воҳидов, Абдувосеъ Қосимов, Бахтиёр Насриддинзода, Абдумалик Адашев ва Баҳодур Ҷабборовро ба некӣ ёд ва арзи сипос кард.
Хулоса, ҳамкурсон рақсида, шеъру суруд гӯш карданд, лаҳзаҳои аҷибу воқеаҳои хотирмони давраи донишҷӯиро бо мамнуният ба хотир оварданд.
Бузургон бесабаб нагуфтаанд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Толиб ЮНУСЗОДА