Ovozi.uz

16 нафар ходимони масъул ҷарима супурданд

Дар рӯзҳои гарми тобистон муаммоҳои гуногуни вобаста ба вазъи санитарӣ-­эпидемиологӣ меафзояд ва ин ҳолат аз ходимони соҳаи мазкур боз ҳам масъулияти бештарро талаб мекунад. Онҳо дар лабораторияҳои махсус аз об то яхмос ва дигар маҳсулотҳои хӯроквориро санҷида, ба сифати онҳо баҳо медиҳанд.
Рӯзи 20_уми июн барои омӯхтани корҳои тӯли панҷ моҳи гузаштаи соли равон дар шӯъбаи Кумитаи осоиштагии санитарӣ-­эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатии назди Вазорати ҳифзи саломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд амалигардида пресс-тур баргузор гардид. Дар он роҳбари шӯъбаи кумита Дилбар Нормуродова ба ходимони васоити ахбори оммавӣ доир ба дигаргуниҳои соҳа маълумот пешкаш намуд.
— Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 9 беморӣ аз 39 намуди бемориҳои сирояткунанда зиёд шудааст. Сабаби афзудани ин бемориҳо ба мавсим вобастагӣ дорад. Ҳоло дар байни аҳолии Самарқанд намуди сабуки бемории Гепатит А бештар ба назар мерасад. Барои пешгирии ин ҳолатҳо дар байни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем. Ин дар таҳти системаи кори маҳаллабай амалӣ гардид. 215 маҳаллаи шаҳр ба секторҳо тақсим намуда, ба ҳар яки онҳо ходимонро вобаста кардаем.
Инчунин, Д. Нормуродова таъкид намуд, ки аз рӯи системаи маҳаллабай ходимони санитарӣ-­эпидемиологӣ хона ба хона гашта, роҷеъ ба бемориҳои сирояткунанда, қоидаҳои гигиена ва ғайра корҳои тарғиботӣ мегузаронанд, намунаи оби нӯшиданиро мегиранд,
Аксари муроҷиатҳои дар тӯли панҷ моҳ расида бо системаи электронӣ омадааст ва ба масъалаи партобҳо дахл доранд. Ин муаммоҳо дар ҳамкорӣ бо садорати экология баррасӣ мегарданд ва ҳалли худро меёбанд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби духтурҳои санитария риоя кардан ба қоидаҳои санитарӣ-­эпидемиологӣ дар мактабҳо, муассисаҳои таълими томактабӣ ва дигар ташкилотҳо, таъминоти оби тозаи нӯшиданӣ ва партобҳои маишӣ таҳти назорат гирифта шудааст. Ба роҳбарону мутахассисоне, ки дар ин соҳа ба камбудиҳо роҳ додаанд, чораҳои интизомӣ ва маъмурӣ дида мешаванд. То ҳол 16 нафар ходимони масъул вобаста ба ин ҳолатҳо 27 млн. 200 сӯм ҷарима супурдаанд.
Сипас, журналистон аз шароитҳои дар шӯъбаи осоиштагии санитарӣ-­эпидемиологии шаҳри Самарқанд фароҳамгардида дидан карда, бо ходимони соҳа ҳамсӯҳбат шуданд.
Дар давоми пресс-тур ходимони ВАО бо фаъолияти корхонаи муштараки ҶММ «Samarkand-­England Eco-­Medical» шинос шуданд.
— Дар ин ҷо тӯли як сол беш аз 2,5 миллион флакон дору истеҳсол карда мешавад. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ пурра ҷиҳозонида шудааст. Дар он ҳар рӯз амалиёти санҷиши обро мегузаронем, — гуфт директори корхона Фирӯз Рашидов.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ