Ovozi.uz

Ба хонадонҳо рафта табобат мекунанд

Дар Маркази дастгирии иҷтимоии Самарқанд тадбири «Рӯзи дарҳои кушода» гузаронида шуд. Дар он намояндагони маҳаллаҳои шаҳр, нурониён ва вакилони васоити ахбори оммавии вилоят иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ директори марказ Сурайё Ҷаводова роҷеъ ба шароитҳои фароҳамгардида ва имкониятҳо барои нафароне, ки ба ёрии дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, маълумоти васеъ дод.
— Ҳоло маркази дастгирии иҷтимоии мо барои пиронсолону мӯҳтоҷони парвариши иҷтимоӣ-­маишӣ ва тиббӣ се навъи хидматрасониро пешкаш менамояд, — гуфт С.Ҷаводова. — Онҳо хизматҳои пулакии статсионарӣ ба муддати дароз ва кӯтоҳ, дар шакли рӯзона ва мобилӣ ҷудо мешаванд.
Шаҳрвандони мӯҳтоҷи нигоҳубини дигаронро ба Маркази дастгирии иҷтимоӣ тибқи қарори Девони Вазирон аз 31‑уми майи соли 2024 таҳти рақами 316 «Дар бораи такмил додани фаъолияти Марказҳои дастгирии иҷтимоӣ, ки ба шахсони мӯҳтоҷи парвариши дигарон хизмати иҷтимоӣ ва ёрӣ мерасонад» тавассути Системаи ахбори Ҳимояи ягонаи иҷтимоии миллӣ ва муроҷиати онҳо ё вакили қонунии онҳо ба Марказҳои «Инсон» қабул мекунем. Яъне, акнун ҳеч кас ба таври худ наздиконашонро ба «хонаи меҳрубонӣ» оварда наметавонанд. Агар шароити нигоҳубин кардани наздиконашонро надошта бошанд, ба шакли хизмати мобилӣ муроҷиат карда, дар хонаашон онҳоро метавонанд парвариш кунанд. Ходимони мо дар ин навъи хизматрасонӣ ба хонадонҳо рафта, ба мизоҷон барои иҷро намудани машқҳои тарбияи ҷисмонӣ, шусту шӯ, табобати ҷароҳатҳои берунӣ ва дигар намудҳо кӯмак мерасонанд.
Дар шакли рӯзонаи хизматҳои Маркази дастгирии иҷтимоӣ истифода аз таҷҳизоти варзишӣ, бо таомҳои парҳезӣ таъмин намудан, дар шароити хона омӯзонидани парвариши худ, ташкили барномаҳои консертӣ, зиёрат ба ҷойҳои таърихӣ, вохӯриҳо, бо тавсияи шифокорон анҷом додани муолиҷаи тиббӣ ва ғайра ворид мешаванд.
Нафароне, ки аз хизматҳои статсионарӣ ба муддати дароз ва кӯтоҳ истифода мебаранд, хизматҳои зикргардида, инчунин, таъмин намудани онҳо бо хобгоҳ, захираҳои товарӣ-­моддӣ, терапияи барқарорсозӣ, реабилитатсияи шахсони ногироидоштаро пешниҳод менамоем. Дар ҳамаи хизматҳо ходимони мо мизоҷонро ба таври муносиб парвариш мекунанд.
Дар давоми тадбир таъкид гардид, ки марказ барои 170 ҷой ихтисосонида шуда, ҳоло 135 нафар пиронсолон ва шахсони ногироидошта ба таври доимӣ аз хизматҳо истифода мебаранд. То ҳол аз ҷониби марказ 237‑то хизмати иҷтимоӣ пешкаш гардида, 132‑тои онҳо рӯзона, 81‑то хизматҳои статсионарӣ ба муддати дароз ва кӯтоҳ, инчунин, ба 24 нафар шаҳрвандон хизмати мобилӣ расонида шудааст.
— Дар китобхонаи марказ беш аз 3000 китоб мавҷуд аст, — гуфт мудири китобхона Гулмира Тоҳирова. — Мо бо Китобхонаи миллии Самарқанд ва нобиноён шартнома бастаем ва китобхонаи мо пайваста бо китобҳои нав таъмин мегардад. Китобҳои савтӣ ва бо алифбои Брайл омодашуда низ барои пурмазмун гузаронидани вақти нобиноён тақдим карда мешавад.
Дар поёни тадбири «Рӯзи дарҳои кушода» ба эътибори иштирокчиён намоишҳои саҳнавӣ ҳавола гардид. Инчунин, онҳо бо шароитҳои марказ, аз ҷумла, бо фаъолияти хонаҳои махсус барои парафинотерапия, озонатерапия, релакс ва ғайра аз наздик шинос шуданд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.