Ovozi.uz

Фиребгарон дастгир шуданд

Таҳти ҳамкории шуъбаи ноҳиявии кормандони департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии тобеи Сарпрокуратура ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Самарқанд чорабинии зудамал гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ оператори филиали «Ҳудудгаз»-и ноҳияи Пастдарғам Ҷ.П. ҳангоми аз шаҳрванд М.А. бо роҳи фиребгарӣ гирифтани 4 миллион сӯм бар ивази нест кардани 3 миллион сӯм қарздории хонадон аз гази табиӣ ва гузоштани ҳисобкунани нави газ, бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.

Ҳамин тавр, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои субъектҳои соҳибкорӣ таҳти ҳамкории шуъбаи департамент дар ноҳияи Булунғур ва кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия чорабинии оперативӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ электр-монтёри корхонаи шабакаҳои барқии ноҳияи Булунғур Ш.Э. ва дигарон ҳангоми аз тадбиркор М.Ш. гирифтани 3,8 миллион сӯм ба ивази кам кардани 14 миллион сӯм қарздории коргоҳи дӯзандагии тадбиркор аз неруи барқ ва дар вақти нест кардани далолатномаи қарздорӣ бо далелҳои ашёӣ дастгир шуданд.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо мувофиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.