Ovozi.uz

Рӯйхати давлатҳое, ки соҳиби захираи калони тиллоянд, эълон гардид

Маълум гардид, ки дар дунё аз ҳама давлати захирааш зиёд ИМА ба шумор рафта, дар ҷойи аввал 8133 тонна, дар ҷойи дуюм Германия — 3352 тонна, сеюм Италия — 2452 тонна, чорум Фаронса — 2437 тоннаро ташкил медиҳад. Русия бо 2386 тонна дар ҷойи 5, Чин бо 2264 тонна дар зинаи 6-ум ҷойгир шудаанд.
Дар қитъаи Осиё Хитойу Ҳиндустон (854 тонна) дар ҷои якуму дуюм, Япония бо 846 тонна дар ҷойи сеюм ва Ӯзбекистон бо 374 тонна дар ҷои 4-ум ҷой гирифтаанд. Дар миқёси Осиёи Марказӣ бошад, Ӯзбекистон пешқадам буда, Қазоқистон пас аз он бо 296 тонна захираи тиллояш ҷой гирифтааст.