Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо корҳои сохтмонӣ ва бунёдкории маҳаллаҳои воқеъ дар ҳудуди маҷмааи ёдгории Имом Бухорӣ шинос шуд.
Тибқи қарори Девони Вазирон аз 20-уми сентябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодии шаҳраки Хоҷа Исмоили ноҳияи Пайариқ» ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани симои меъмории ин шаҳрак ва инфрасохтори коммуникатсионии муҳандисии он, такмили инфрасохтори роҳҳо, инчунин бунёд, реконструксия, таъмир ва обод кардани объектҳои соҳаи иҷтимоӣ корҳои амалӣ пеш бурда мешаванд.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят зимни омӯзиш бо роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ, ки дар минтақа оғоз гардидаанд, аз наздик шинос шуд. Дар ҷараёни шиносоӣ, ки дар минтақаҳо идома ёфт, ҷойҳои барои сохтмонҳои нав интихобшуда низ аз назар гузаронида шуданд.
Ҳокими вилоят дар ин ҷараён ба масъулон бобати ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани кор ва роҳ надодан ба камбудиҳо дастуру супоришҳои зарурӣ дод.
